Главная / Илм / ГУЛЗАРДӣ

ГУЛЗАРДӣ

gulzardiГУЛЗАРДӣ (Erysimum diffusum), хокшир, гиёҳест дусола. Аз 20 то 115 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш дарозрӯя, рахдор, баргҳои поён думчадароз, гулаш майдаи зард. Май – сент. гулу мева мекунад. Дар алафзори нимсаванна, явшонзор, фаркзор, арчазор, шағалзамин мерӯяд. Дар қ.-кӯҳҳои Қурама, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Шарқӣ паҳн шудааст.
Г.-ро барои доруӣ дар даври гулшукуфт меғундоранд. Дар ҷои сояи шамолрас хушконида мешавад. Юнониён ва римиёни қадим Г.-ро аз давоҳои беҳтарин барои муолиҷаи обхӯра меҳисобиданд. Дар Сибир табибони халқӣ онро чун давои пешоброн, муқаввии дил, зидди бемории зангила (синга), сили шуш, обварам, ҳамчунин дар мавриди заҳролудӣ кор мефармоянд. Дар тибби халқии тоҷикон чойи баргу пояи Г. ҳангоми бемориҳои дил, дилзанӣ, ғалаёни хун ва чун воситаи пешоброну исҳоловар тавсия дода мешавад. Аз Г. маҳлули гликозиди эризимин истеҳсол карда шудааст, ки барои муолиҷаи иллати дил муфид мебошад. Он хусусан барои табобати беморони гирифтори нуқси даричаи дил муфид аст. Г. ҳамчунин ба таркиби доруи «Кардиовален» дохил аст. Онро ҳангоми иллатҳои тарбодии дил, кардиосклероз, ихтилоли гардиши хун (дараҷаи I, II, III) истифода мебаранд (рӯзе 1 – 2 маротиба 15 – 20 чакрагӣ). Дар тиб ҳамчунин нақеъи обии Г. (1 – 2 қошуқ алафи онро дар 1 истакон оби ҷӯш андохта, рӯзе 4 – 5 маротиба якқошуқӣ бо қанд меошоманд) барои муолиҷаи нуқси дил кор фармуда мешавад. Доруҳои Г.-ро фақат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим аст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …