Главная / Илм / АССЕНИЗАТСИЯ

АССЕНИЗАТСИЯ

assenizaciaАССЕНИЗАТСИЯ (Assanatio; аз франсавии assainissement – тоза кардан), ғун овардану безарар гардондани наҷосат дар маҳалҳое, ки қубури гандоб (канализатсия) надоранд. А. таҳти назорати идораҳои хоҷагии коммуналӣ мебошад. Барои ҷамъоварии наҷосат аз чоҳи халоҷо ва барои гандобҳо аз чоҳе, ки дар рӯи ҳавлӣ канда шудааст, истифода мебаранд (онҳоро моҳе ду бор тоза мекунанд). Наҷосати моеъро бо нақилиёти махсус мекашонанд. Системаи А. бо автосистернаҳое, ки насосҳои вакуумӣ доранд, ҷиҳозонида шудааст. Нақилиёти А.-ро барои дигар корҳо истифода бурдан қатъиян манъ мебошад.
Наҷосатро бештар дар қитъаҳои махсус шудгоршуда безарар мекунанд. Дар хоки ин гуна майдон наҷосат нафақат безарар мегардад, балки растаниҳои киштзор моддаҳои органикии онро ҷаббида мегиранд. Дар тобистон баъди 1 – 1,5 моҳ ба 10 м2 сатҳи замин 1м3 наҷосат андохтан мумкин аст. Сатҳи замине, ки барои безарар гардондани наҷосат ҷудо мекунанд, ба миқдори аҳолӣ вобаста аст (барои 1000 наф. 0,6 га замин). Майдони А.-ро кабудизор мекунанд, дар он қубур мехобонанд ё чоҳе мекобанд, ки обашро гирифтан мумкин бошад; барои шустану безарар гардондани нақилиёти А. майдончаи махсус месозанд.
Мувофиқи қоидаҳои беҳдошти санитарӣ майдони А. чунин истифода мешавад: соли якум – наҷосат андохтан; соли дуюм – киштани алафҳои хӯроки чорво; соли сеюм – парвариши лаблабуи қанд (барои чорво), соли чорум – парвариши картошка. Дар майдони А. парвариши помидор, бодринг, шалғамча, коҳу ва сабзавоте, ки тару тоза мехӯранд, манъ аст.
Дар шаҳрҳои калон иншоотҳои нисбатан мураккаби А. бунёд мегарданд, ки дар онҳо наҷосатро ба таври механикӣ, физикию химиявӣ ва биологӣ тоза мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …