Главная / Илм / АСПИРАТСИЯ

АСПИРАТСИЯ

servo_navaАСПИРАТСИЯ (аз лот. aspiratio – нафаскашӣ), 1) ба воситаи асбобу ускунаҳо берун кашидани моеъ ё ҳавое, ки дар натиҷаи бемориҳои гуногун дар ҷавфи бадан, банду буғум, римхона ғун шудааст. 2) Ҳангоми нафасгирӣ ба роҳи нафас афтодани ҷисмҳои бегона, зарраҳои ғизо, хун, дандонҳои сунъӣ ва ғ.; дар мавриди беҳуш будани бемор ё ихтилоли қобилияти фурӯбарӣ ба вуқуъ мепайвандад. Оқибати А. ба ғилзати моддаҳои ба роҳи нафас афтода ва чуқурии ҷойгирии онҳо вобаста аст. А.-и моеъ ва ҷисмҳои бегонаи калон бинобар нафасгир карданашон боиси фавти одам мегарданд. Ҳангоми ба роҳи нафас афтодани массаҳои нисбатан кам онҳо тавассути балғам хориҷ карда мешаванд. Дар баъзе мавридҳои дигар имкон дорад, ки онҳо бемориҳои илтиҳобии гуногун, мас., ларинготрахеитҳо, бронхитҳо, бронхиолитҳо, пневмония ва ғ.-ро ба вуҷуд оранд.
А. хусусан дар кӯдакон бештар рух менамояд. Он метавонад ҳангоми дар батни модар будани кӯдак, дар вақти таваллуд (аз луоби бачадон ва маҳбал), ҳамчунин баъзе бемориҳои модар ба вуқӯъ пайвандад. Дар кӯдакони навзод дар аснои ширмакӣ, қай, сурфа ва гиря кардан низ ба мушоҳида мерасад. Аз роҳи нафас ҷисмҳои бегонаи нисбатан калонро бо усули бронхоскопия берун меоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …