Главная / Илм / АСТЕНИЯ

АСТЕНИЯ

zdzdАСТЕНИЯ (юн. asthenia – сустӣ, беҳолӣ, нотавонӣ), ҳолати сустии ҷисмонӣ ва рӯҳии организм. А.-и кӯтоҳмуддат дар давраи сиҳатёбӣ аз бемориҳои сироятии шадид (тиф, грипп, вараҷа ва ғ.), А.-и дарозмуддат дар вақти бемориҳои музмин (сил, сифилис) ва лоғарӣ аз гуруснагии бардавом мушоҳида мешавад. Заъфи асабу рӯҳиро, ки аз сабабҳои гуногун (бемориҳо, заҳролудӣ, зарбу лат ва ғ.) рӯй медиҳад, синдроми астениявӣ (алоими нотавонӣ) меноманд. Дар ин ҳол системаи асаб сусту нотавон мегардад, зуд хастагӣ, ҳассосияти баланд нисбати таъсири ангезаҳои берунӣ (садою равшании баланд, бӯи тезу тунд, муноқаша ва ғ.) ба амал меояд. Ҳангоми синдроми астениявии вазнин бемор беҳолат, гаранг, рӯҳафтода, инҷиқ, гирёнчак, ваҳмак ва бетоқат шуда, сараш мудом дард мекунад, хобаш ноором аст, аз андак кори беҳуда асабонӣ мешавад, худро идора карда наметавонад. ӯ серҷоғ, аз ҳар касу ҳар кор норозист, бисёр дилмондагӣ ва хӯрдагирӣ мекунад, беқарор мешавад. Дар мавриди синдроми астениявӣ ҳамбастагии тундмизоҷӣ ва сустӣ гуногун аст. Баъзан агар ҳолатҳои асабоният, ҳаяҷонпазирӣ, беқарорӣ боло гиранд, дар мавридҳои дигар хастаҳолӣ, гирёнчаки бартарӣ пайдо мекунанд. Ин аломатҳо хоса шомгоҳон бештар зуҳур меёбанд. Синдроми астениявӣ метавонад оғози ҳамаи бемориҳои рӯҳӣ бошад. Он дар мавриди психопатия ва неврозҳо низ ба назар мерасад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …