Главная / Илм (страница 199)

Илм

АСЕПТИКА

911330

АСЕПТИКА (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. septikos – мадданок), тадбирҳои пешгирии ба ҷароҳат ворид шудани микробҳои касалиовар. Буқрот, Ибни Сино, Розӣ ва диг. усулҳои безараргардонии ҷароҳатро бо сирко, май, скипидар, равғани ҷӯшон, оҳак, намакҳои мис, оҳани тафсон, марҳам ва ғ. васеъ истифода бурдаанд. Аввалин маротиба А.-ро ҷарроҳи немис …

Муфассал »

АСИРАК

reseda-odorata-fl-mhassler2

АСИРАК (Reseda odorata), асираки атрбӯ, асираки боғӣ, асираки бӯё, як намуди гули хушбӯй. Пояаш рост (баландиаш 15 – 40 см), сершоху барг (баъзан дар рӯи замин мехобад); баргаш сода, яклухт, байзашакл. Гулаш хушбӯй, майда, сабзи зардча ё сафед, дуҷинса. Хӯшагулаш аҳромшакли сершукуфа. Июн – июл гул мекунад (то фаро расидани …

Муфассал »

Аҳмияти машқҳои ҷисмонӣ барои мушак ва скелет

sutunmuhra

Инкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам. Скелети мушакҳодар бачагӣ ва наврасӣ инкишоф меёбад. Мушакҳо дар синни 14-17-солагӣ босуръат инкишоф ёфта, дар синни 18-солагӣ баробари мушакҳои калонсолон мешаванд. Ба ҳадди инкишоф ва ташаккул ёфтани кўдак ҳаракатҳояш ҳам торафт мукаммал ва гуногун мешаванд. Дар инкишофи тавоноӣ, чобукию чолокӣ ва тобоварии одам машқҳои …

Муфассал »

Ёрии аввалин ҳангоми зарар дидани скелет

skelet-300x207

Ёрии аввалин дар вақти ёзидани пойҳо ва баромадани буғумҳо. Дар натиҷаи ҳаракатҳои ноҷо ё зарбхўрӣ мумкин аст пайҳои пайвасткунандаи устухонҳои буғум зарар бинанд. Дар натиҷа атрофи буғум варам карда дардманд мешавад. Чунин ҷойи зарарёфтаи баданро ёзиш меноманд. Ҳангоми расонидани ёрии аввалин ба ҷойи зарбхўрда халтачаи ях ё латтаи ба оби …

Муфассал »

АСКАРИДАҲО

957349

АСКАРИДАҲО (Ascarididae), як гурӯҳи лундакирмҳо, ки дар рӯда зиндагӣ мекунанд. Дарозии А.-и нарина 15 – 20 см ва модина 25 – 40 см мешавад. Аскаридаи модина дар як шабонарӯз то 250 ҳаз. тухм мегузорад. Аз тухмҳое, ки ба воситаи хӯрок ё об ба узви ҳозима роҳ меёбанд, кирмина (личинка)-ҳо ба …

Муфассал »

АСКАРИДОЗ

stadii-askaridoza-u-cheloveka

АСКАРИДОЗ (Ascaridosis), бемориест, ки онро лӯндакирмҳо – аскаридаҳо ба вуҷуд меоранд. Аскаридаҳо кирмҳои калони гуногунҷинс буда, дар рӯдаи борики одам сукунат доранд. Одам ягона манбаи сироят аст. Аскаридаи модина дар як шаборӯз то 250 ҳаз. тухм мегузорад, ки бо пасафканди бемор хориҷ мешавад. Ҳангоми набудани ҳоҷатхонаҳои обод ва вайрон кардани …

Муфассал »

АСКЛЕПИЙ

asclepii-1

АСКЛЕПИЙ (Asklepios), дар мифологияи Юнони Қадим худои тиб. Хизматгорони маъбадҳои А. – асклепиадҳо машғули санъати тиб буданд. Дар ин маъбадҳо мактабҳои тиббӣ таъсис ёфта, дар заминаи онҳо тибби Юнон дар замони худ ба авҷи тараққиёт расид. Дар Рими бостонӣ (а. 3 то м.) номи аслии А. ба Эскулап мубаддал гардид.

Муфассал »

АСОБАҒАЛ

db7ca055-fa58-4442-a2fc-8bb6f7f5269a_cx0_cy19_cw0_w1023_r1_s

АСОБАҒАЛ, асо, олотест, ки ҳангоми беморӣ, иллати пой ё сутунмӯҳра роҳ рафтанро осон мекунад. А. имкон медиҳад, ки бори сутунмӯҳра ё пои маҷрӯҳ ба даст гузарад. А. ду хел мешавад: А.-е, ки барои панҷаи даст ва зери каш такягоҳ дорад ва А.-е, ки такягоҳаш барои панҷа ва банди даст аст. …

Муфассал »

АСПЕРГИЛЛ

94cf3235b1b7eadb1faec74f905a4e2d

АСПЕРГИЛЛ (Aspergillus), як гурӯҳи занбӯруғҳои халтачадор – аскомисетҳо. А.-ҳо асосан ба тавассути конидия, ки спораи афзоиши ғайриҷинсии занбӯруғҳо мебошад, афзоиш мекунанд. Дар хоку деворҳои намнок, хӯрокворӣ ва ғ. инкишоф меёбад. Баъзе намудҳои А. (мас., А. fumigatus, A. glaucus, A. niger ва ғ.) бемориовар мебошанд. Онҳо ангезандаи аспергиллёз, бемориҳои занбӯруғии пӯст …

Муфассал »

АСПЕРГИЛЛЁЗ

porazhenija-kozhi-u-bolnyh-aspergillezom

АСПЕРГИЛЛЁЗ (Aspergillosis), бемориест, ки асосан ба бронхҳои шуш осеб мерасонад. Ангезандаи А. занбӯруғҳои мағор мебошанд. Сироят дар натиҷаи нафас кашидани спораҳои занбӯруғ ҳангоми кор бо ғалладонагиҳои мағорзада ба вуқӯъ мепайвандад. А. бисёр вақт дар заминаи бемории сил, саратони шуш, бронхоэктаз, киста ва ғ. пайдо мешавад. Табу тасф кардани одам, сурфа, …

Муфассал »