Главная / Илм (страница 202)

Илм

Таҳлили умумии хун

tahlili-umumii-xun-768x409

Таҳлили умумии хун ки онро бо забони русси “Общий анализ крови” мегӯянд. Ин таҳлилҳое мебошанд, ки духтурон моро водор мекунанд то супорем, барои чӣ зарур ҳастанд? Хуни вена аз хуни нӯги ангушт чӣ фарқияте дорад? Рақамҳое, ки дар коғазчаи натиҷаҳои таҳлил нишон дода шудаанд, чӣ маънӣ доранд? Хун  ба камтарин …

Муфассал »

АТОНИЯ

6415b917-8516-459f-8e43-1b40d800d122_670x0_resize

АТОНИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва tonia – бемадорӣ, беқувватӣ), бениҳоят суст шудан ё барҳам хӯрдани фаъолияти мушакҳо ва узвҳои дохилии организм. А. дар натиҷаи бемориҳои сироятӣ, ихтилоли фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ, хароб гаштани системаи асаб, норасоии ғизо ва ғ. сар мезанад. Ҳангоми А. узви бемадор вазифаи худро адо карда …

Муфассал »

АТРЕЗИЯ

atreziyapishevodaunovorozhdennixprichini_470ecc9a

АТРЕЗИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. tresis – сӯрохӣ), тамоман набудани сӯрохии табиӣ ё баста шудани он дар узвҳои найчамонанди бадан (аорта, артерияҳои шуш, ҳалқум, нои нафас, сурхрӯда, рӯда, мақъад, маҳбал, гарданаи бачадон ва ғ.). А. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. А.-и модарзодӣ дар натиҷаи инкишофи нодурусти ҷанин дар …

Муфассал »

АТРОПИН

atropine-svg

АТРОПИН, алколоидест, ки дар таркиби растаниҳои оилаи ангури сагак (шоҳдона, шобезак, банги девона ва ғ.) дучор меояд. Дар тиб маҳлули обии намаки сулфати А.-ро барои рафъи ихтилоҷи мушакҳои суфта (ҳангоми бемории захми меъда, рӯда, роҳҳои талха, зиқи нафас ва ғ.), инчунин васеъ намудани гавҳарак (дар вақти муоинаи рефраксияи чашм) ва …

Муфассал »

АТРОФИЯ

406efefda_320x200

АТРОФИЯ (Atrophia; аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва trophe – ғизо), лоғарӣ, харобӣ, ҳолати бефаъолиятӣ ва ё худ хурд шудани ҳаҷм ва андозаи узвҳои бадан. Одатан, дар вақти бемориҳои гуногун ба вуҷуд омада, фаъолияти узвҳо вайрон ё тамоман қатъ мегардад. Сабаби пайдоиши А. бартарӣ доштани раванди диссимилятсия нисбат ба ассимилятсия …

Муфассал »

АТСА

15-4ihanie_490_310

АТСА (Sternumentum), аксуламали муҳофизатиест, ки ангезандаҳо (буғи моддаҳои химиявии тезу тунд, чанг, ҷисмҳои бегона, луоб ва ғ.)-ро аз ҷавфи бинӣ дур, ҳамчунин ба роҳҳои нафас дохил шудани онҳоро пешгирӣ мекунад. Ангезандаҳо ба ретсепторҳои ҳассоси асаби сегонаи воқеъ дар ҷавфи бинӣ таъсир мерасонанд. Дар натиҷа беихтиёр нафаскашии чуқур ба амал меояд. …

Муфассал »

АТСЕТИЛЕН

50

АТСЕТИЛЕН, карбогидриди беҳад (носер), гази беранг, бӯи пасти эфирӣ дорад; ҳарор. гуд –81,8°С, ҳарор. ҷӯш. –83,8°С. А.-ро аввалин шуда Э. Деви (1836) дар натиҷаи таъсири об ба карбиди калий кашф кардааст. С-ҳои 1859 – 1860 Бертло ҳангоми аз найчаи тафсон гузаронидани моддаҳои гуногун (этилен, спиртҳои метил ва этил, эфир) онро …

Муфассал »

АТСЕТОН

1200px-aceton-svg

АТСЕТОН (CH3COCH3), диметилкетон, моеъи беранг, бӯи хос дорад; ҳарор. ҷӯш. 56,2°С, ҳарор. гуд. – 94,9°С. Дар об, спирт ва эфир нағз ҳал мешавад. А. дар таркиби маҳсули буғронии хушки чӯб мавҷуд аст. Дар саноат онро бо роҳи аз карбонати сери тафсон борҳо гузаронидани буғи кислотаи атсетат, ҳамчунин бо роҳи дегидрогенонии …

Муфассал »

АТСИДОЗ

4ba82e0addf0afbac4f0311a6607057f

АТСИДОЗ (Acigosis; аз лот. acidus – турш), сертуршӣ, хунукмизоҷӣ, ҳолати бемориест, ки дар натиҷаи ихтилоли мувозинати туршию ишқор ва дар хуну бофтаҳо барзиёд захира шудани аниони кислотаҳо рух менамояд. А. талофипазир ва талофинопазир мешавад. Ҳангоми А.-и талофипазир анионҳои кислотаҳо чандон зиёд намешаванд. Нишондиҳандаи гидрогенӣ (pH) аз ҳадди эътидол (7,35 – …

Муфассал »

АТ-ТАЗКИРАТУ-Л-ҲОДИЯ ВА-З-ЗАХИРАТУ-Л-КОФИЯ

kitob-va-paydoish

«АТ-ТАЗКИРАТУ-Л-ҲОДИЯ ВА-З-ЗАХИРАТУ-Л-КОФИЯ», асари Иззуддин Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Тархони Сувайдӣ (1203 – 1291). Бо номҳои «Тазкирату ибни Тархон» ва «Тазкирату-с-Сувайдӣ» низ маъруф аст. Китоб дар се муҷаллади бузург таҳия шудааст. Муаллиф дар он доруҳои содаро ба тартиби узвҳои бадан ва иллатҳову бемориҳо гирд оварда, таҷрибаву муҷарработи худ ва дигаронро …

Муфассал »