Главная / Илм / АСТЕНОПИЯ

АСТЕНОПИЯ

astenopiya1АСТЕНОПИЯ (Asthenopia; аз юн. asthenes – заиф, суст ва opos – чашм), ҳангоми кори марбут ба босира зуд хаста шудани чашм, хусусан дар вақти ба чашм наздик будани объект. А. татобуқӣ (аккомодатсиявӣ) ва мушакӣ мешавад. А.-и татобуқӣ бинобар сахт таранҷиш ёфтани мушакҳои мижгон ҳангоми татобуқ, дурбинӣ, астигматизм ба вуҷуд меояд. Сабаби А.-и мушакӣ заъфи модарзодии мушакҳои андаруни чашм ва наздикбинӣ мебошад. Зуд хаста шудани чашм, дурбинӣ, сардард аломатҳои А.ба шумор мераванд.
Бо мақсади пешгирӣ ва муолиҷаи А. саривақт ба эътидол овардани дурбинӣ ва наздикбинӣ, риояи меъёрҳои беҳдошти босира, истироҳат додани чашм муҳим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …