Главная / Илм / АСТИГМАТИЗМ

АСТИГМАТИЗМ

astigm01АСТИГМАТИЗМ (Astigmatismus; а – ҳиссачаи инкорӣ ва stigma – нуқта), нуқси биниши чашмро гӯянд, ки дар мавриди он дурбинӣ, наздикбинӣ ва диг. иллатҳои чашм дар як вақт зуҳур меёбад. Мас., дар биниши амудӣ чашм дурбин, дар биниши уфуқӣ бошад, мӯътадил ва ғ. мешавад. Ин, одатан, ба хамидагии ҳархелаи қарния, инчунин то дараҷае ба хамидагии нодурусти гавҳараки чашм вобаста аст. Ҳангоми А. чизи тобон дар тӯрпардаи чашм инъикос намешавад. Маънои А. низ ҳамин аст, яъне он калимаи лотинӣ буда, вуҷуд надоштани нуқтаи аксро ифода мекунад. Дар аснои А. қувваи босираро бо линзаи махсуси силиндрӣ, баъзан фақат бо линзаҳои тамосие, ки онро бевосита ба қарния мегузоранд, ҷуброн кардан мумкин аст (ниг. Айнак). А.-и бачагон вобаста ба сабзиши онҳо тағйир меёбад, аз ин рӯ ҳар сол баъди тафтиш айнаки мувофиқ интихоб кардан лозим. А- и калонсолон мудом як хел аст.
Ад.: Неотложная офталмология, М., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …