Главная / Илм / АС-СУВАЙДӣ

АС-СУВАЙДӣ

20759637_522043711472572_5484714872404967424_nАС-СУВАЙДӣ, Иззуддин Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Тархони Сувайдӣ (1203 – 1291), табиб; аз пизишкони маъруфи Димишқ буда, тамоми рӯзгораш дар он ҷо гузаштааст. Ҳамчун раиси табибон дар бемористонҳои Бобулбарид ва Нурӣ хизмат кардааст. Китобҳои зерин аз таълифоти ӯ дар тиб мебошанд: «Ал-Боҳир фӣ хавоси-л-ҷавоҳир»; «Ат-Тазкирату-л-ҳодия ва-з-захирату-л-кофия»; «Шарҳу «Мӯҷази-л-Қонун»-и Ибни Нафис.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 5, Лубнон, 2007.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …