Главная / Илм / АЗИЗОВ Аъзам Азизович

АЗИЗОВ Аъзам Азизович

imagesАЗИЗОВ Аъзам Азизович (тав. 01.05. 1936, деҳаи Кавраки ноҳ. Рашт), ҷарроҳи кӯдакон, доктори илми тиб (1997), проф. (1997), акад. Академияи инженерии ҶТ (аз с. 2005), Аълочии тандурустии ИҶШС (1986), Корманди шоистаи Точикистон (2001). Хатмкардаи ДДТТ (1960). Ҷарроҳ (1960 – 62) ва сардухтури Беморхонаи марказии ноҳ. Ҷилликӯл (1962 – 64), духтур ва мудири шӯъбаи урологияи кӯдакони Беморхонаи клиникии чумҳуриявии №3 ба номи А.М. Дяков (ҳоло Маркази миллии тиббии Точикистон; 1964 – 76). Мушовири Академияи ҳарбии ИҶШС дар Ҷумҳурии Афғонистон (1976 – 79). Ассистент ва дотсенти кафедраи чарроҳии кӯдакон ва бемориҳои чарроҳиталаби факултаи педиатрии ДДТТ (1979 – 83). Мушовир -урологи госпитали Габриэл – Турси Ҷумҳурии Мали (ш. Бамако, 1983 – 85). Дотсенти кафедраи чарроҳӣ, беҳисгардонӣ ва эҳёгарии ДДТТ ва ҳамзамон мудири шӯъбаи урологияи Беморхонаи клиникии чумҳуриявии №3 (1985 – 97), мудир (1997 – 2010) ва проф. (аз 2010) кафедраи чарроҳӣ, беҳисгардонӣ ва эҳёгарии кӯдакони ДДТТ. Тадқиқоти илмии А. ба масъалаҳои чарроҳии қатъӣ ва тачдидии иллатҳои инкишофёбандаи пешоброҳа ва узвҳои таносул бахшида шудаанд. Нахустин бор дар амалияи чарроҳии кӯдакони Точикистон усулҳои нодири чарроҳиро ҳангоми суддабандии девораи масона, дисплазияи бахши масонавии пешоброҳа чорӣ намуда, дар қисмати болоӣ ва поёнии роҳҳои пешоббаро чарроҳиҳои тачдидӣ ва пластикӣ гузаронидааст. Дар мавзӯи «Ташхис ва чарроҳии сангҳои мураккаби масона ва пешоброҳа дар кӯдакон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои зуҳурот ва усули табобати уролитиаз дар кӯдакон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 330 асару мақолаҳои илмӣ, аз чумла 10 монография, 20 дастури таъ- лимию методӣ, 22 ихтироот, 70 навоварӣ аст. Таҳти роҳбарии ӯ 1 наф. рисолаи докторӣ ва 8 наф. рисолаҳои номзадӣ ди- фоъ намудаанд. Узви раёсати урологҳои Федератсияи Россия, ҳамраиси Ассотси- атсияи чарроҳон, беҳисгарон ва эҳёгарони ҶТ мебошад. Бо ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Точ., Ҳукумати Афғонистон (1978) ва Ҷумҳурии Мали, медали тиллои Ташкилоти умумичаҳонии моликияти зеҳнӣ қадр карда шудааст.
Ос.: Нигоҳубини кӯдакон дар шифохонаи чарроҳӣ, Д., 1991; Диагностика и тактика хирургичес- кого лечения осложненного уролитиаза у детей, Д., 1996; Ташхис ва усулҳои чарроҳии уролитиази ихти- лотноки кӯдакон, Д., 1977; Урологияи кӯдакон, Д., 1999; Детская урология, Д., 2000; Ҷарроҳии батнии кӯдакон, Д., 2001; Абдоминальная хирургия детского возраста (роҳнамо барои духтурон), Д., 2005; Луғати истилоҳоти чарроҳӣ, Д., 2008.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …