Главная / Илм / МАҒЗЧА

МАҒЗЧА

magzchaМАҒЗЧА (Cerebellum), майнача, як қисми мағзи сар. М. дар координатсияи ҳаракат, ҳифзи ҳолату вазъи тан, тонус ва мувозанати бадан ширкат меварзад. Дар чуқураки қафои ҷумҷума дар болои мағзи дарозрӯя ва пули Варолио мавқеъ гирифтааст. Дар болои М. ҳиссаҳои пасисарии майна мавқеъ ёфтаанд; дар байни онҳо ва М. шохаи сахти майнапарда (чодари майнача) ҷой дорад.
М. аз ҳиссаи мобайнӣ ё батни майнача ва ду нимкурра (ҳар кадом бо ҷӯякчаҳо ба се ҳисса тақсим мешавад) иборат аст. М. аз дохил бо моддаи сафед ва аз берун ба қабати тунуки моддаи хокистарранг (қишри М.) фаро гирифта шудааст. Моддаи сафеди нимкурраҳои М. ба моддаи сафеди батни он мепайвандад. М. ҳамчунин чанд ядро дорад, ки муҳимтарини онҳо ядрои дандонашакл (дар нимкурраҳои М.) ва ядрои чодар (дар батни М.) мебошанд. М. бо қисмҳои ҳамшафати мағзи сар ба тавассути бандчаи торҳо – поячаи М. тамос дорад; поячаҳо М.-ро бо пули Варолио, мағзи дарозрӯя ва мағзи мобайнӣ пайваст мекунанд.
Вазифаи асосии М. танзим намудани фаъолияти аҳлонаи мушакҳои скелет аст. М. дар ҳамбастагӣ бо қишри майнаи калон дар танзими ҳаракатҳои ихтиёрӣ иштирок менамояд. М. ҳамчунин баҳри нигоҳ доштани мувозанати бадан ҳангоми роҳ рафтан ва ҳаракатҳои фаъол аҳамияти калон дорад. Дар сурати осеб ёфтани М. тамоми ҳаракатҳои одам берабт гашта, нутқ ва ҳусни хат вайрон мешавад, бемор калавида роҳ меравад, нистагм, сарчархӣ ба вуҷуд меояд.
Ад.: Механизмы деятельности мозга человека, Л., 1988; Анатомия человека, М., 1997; Лысов П. К., Анатомия, М., 2003.
КЛ
Расми 1. Поячаҳои мағзча ва муносибати онҳо бо сохторҳои танаи мағзи сар: 1 – таламус; 2 – теппачаи поёнӣ; 3 – мағзча; 4 – поячаи болоии мағзча; 5 – поячаи поёнии мағзча; 6 – нимкураҳои мағзча; 7 – зайтун; 8 – асаби сетора; 9 – роҳи пеши ҳароммағзу мағзча; 10 – роҳи болопӯшу ҳароммағз; 11 – ҳалқаи миёнҷоӣ; 12 – дастаки теппачаи поёнӣ; 13 – поячаи мағзи сар.
Расми 2. Нақшаи қабатҳои ҳуҷайравии қишри мағзча: 1 – қабати молекулавӣ; 2 – қабати нейронҳои мурудшакл; 3 – қабати дона-дона; 4 – моддаи сафед; 5 – ҳуҷайраҳои глиалӣ бо султон (торҳои Бергамон); 6 – ҳуҷайраи калони асаб (ҳуҷайраи Голҷи); 7 – ҳуҷайраи халташакли асаб; 8 – нейротситҳои хурд; 9 – ҳуҷайраҳои Пуркинйе; 10 – астротсит.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …