Главная / Илм (страница 173)

Илм

АБХАРВ

abkharv

АБХАРВ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 10 км дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2800 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз се мавзеъ фаввора мезанад, ки ҳарорат ва дебити онҳо гуногун мебошад. Чашмаи якум тақр. 1 км дуртар аз резишгоҳи сои Дараи Намак воқеъ …

Муфассал »

АВЕСТО

avesta

АВЕСТО, Авасто, Абасто, қадимтарин асари адабиёти мардуми ориёӣ (эронинажод), китоби муқаддаси зардуштия – оини халқҳои эронинажод. Матни ибтидоии А., ки дар байни аҳли мазҳаб шифоҳӣ нақл меёфт (забони А. дар а. 4 то м. матрук буд), баъдтар китобат шуда (алифбои «авестоӣ» аз а. 3 болотар нест), дар аҳди Сосониён (а-ҳои …

Муфассал »

АВИАТСИЯИ САНИТАРИ

sanitar-aviatsiya

АВИАТСИЯИ САНИТАРИ, навъе аз хадамоти тиббист, ки ба аҳолӣ, хусусан ба сокинони мавзеъҳои дурдаст мадади фаврӣ (ҷарроҳии фаврӣ, кӯмаки акушерӣ ва ғ.) мерасонад. Ҷустуҷӯи осебдидагон, интиқоли таҷҳизоти тиббӣ ва духтурон ба объектҳои муайян низ аз вазифаҳои А. с. мебошад. А. с. дар Тоҷикистон аз янв. с. 1937 фаъолият дорад. Сараввал …

Муфассал »

АВИТАМИНОЗ

avitaminoz

АВИТАМИНОЗ (аз а – ҳиссачаи инко- рӣ ва витамищо), бемориест, ки ба саба- би дар организм нарасидан ё набудани витаминҳо ба вуҷуд меояд. А. экзогенӣ ва эндогенӣ мешавад. А.-и экзогенӣ зимни истеъмоли хӯрокҳои беғизо ба вуҷуд меояд. Сабаби А.-и эндогенӣ асосан бемориҳои сироятӣ мебошанд, ки ҳазми витаминҳоро дар организм халалдор …

Муфассал »

АВЛОДШИНОСИ

genealogiia

АВЛОДШИНОСИ, аҷдодшиносӣ, насабшиносӣ, генеалогия, фаннест, ки хешии байни фардҳои як ё чанд авло дро муайян месозад. Маълумотҳо рочеъ ба А. (ҳуччат ва санадҳое , ки дар бораи маҳз аз кадом волидайн ва ачдоди дур пайдо шудани шахси мавриди тадқиқ қарорёфта гувоҳӣ медиҳанд) барои ирсияти инсон, генетикаи тиббӣ ва ғ. аҳамияти …

Муфассал »

АВҶ

avch

АВҶ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳили д. Панч, 26км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2410м. Дебиташ – 5 л/сон., ҳарор. обаш +34 – +350С. Дар таркиби оби чашма микроэлементҳои аз чиҳати биологӣ фаъол – магний, оҳан, никел, фтор, руҳ ва бром мавчуданд. С. …

Муфассал »

АГАММАГЛОБУЛИНЕМИЯ

agammaglobulinemiia

АГАММАГЛОБУЛИНЕМИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ, гамма-глобулин ва гемо…), бемории Брутон, бемории ирсиест, ки ҳангоми он дар таркиби хун гамма-глобулинҳо кам ё нест мешаванд. Дар натича дар организм подтан (антитела)-ҳо ба вучуд намеоянд. Ашхоси гирифтори А. ба таъсири бемориҳои сироятӣ хеле ҳассос мегарданд. А. хеле кам дучор меояд. Асосан дар …

Муфассал »

АГГЛЮТИНАТСИЯ

aggliutinatsiia

АГГЛЮТИНАТСИЯ (лот. agglutina- tio – часпидан) , зери таъсири агглютинин ном моддаи махсус ба ҳам часпида дурда ва таҳшон шудани бактерияҳо, унсурҳои ҳуҷайраи хун ва ғ. Агглютинин дар зардоби хун ҳангоми гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ё иммунизатсия ҷамъ мешавад. Реаксияи А. барои муайян кардани гурӯҳи хун, намуд ва навъи микробҳои …

Муфассал »

АГНОЗИЯ

agnoziia

АГНОЗИЯ (аз a – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. gnosis – дониш, маърифат), дуруст тасаввур ва дарк карда натавонистании ашё ва ҳодисаҳо, ки бинобар осеб ёфтани маркази олии асаб (ҳангоми хуншории майна, омос, садамаи мағзи сар ва ғ.) ба амал меояд. Вобаста ба осеби қисмҳои алоҳидаи қишри майна А. босиравӣ, сомеавӣ …

Муфассал »

АГРАНУЛОСИТОЗ

agranulositoz

АГРАНУЛОСИТОЗ (Agranulocytosis; аз a – ҳиссачаи инкорӣ, лот. granulum – дона ва юн. kytos – ҳуҷайра), дар хун нест ё ниҳоят кам шудани гранулоситҳо. А. Ҳангоми бемориҳои сироятӣ (домана, уфу- нат, сил, вараҷа, сурхакон), авитаминоз, касалиҳои хун, таъсири бевоситаи моддаҳои химиявӣ (мас., буғи бензол), нурҳои ионнок, ҳассосии организми баъзе одамон …

Муфассал »