Главная / Илм / АДРЕНАЛИН

АДРЕНАЛИН

adrenalinАДРЕНАЛИН (Adrenalinum; аз лот. ad – назди ва renalis – гурдагӣ), гормони ғадуди болои гурда. Массаи мол. 183; моддаи кристаллии сафед; аз чиҳати оптикӣ фаъол аст. Дар оби гарм, кислотаҳо ва ишқорҳо ҳал мешавад. Моддаи ноустувор буда, ба ҳосилаҳои гуногун табдил меёбад. А. аввалин гормонест, ки дар ҳолати кристаллӣ чудо ва синтез карда шудааст. Аз аминокислотаҳо (фенилаланин ва тира- зин) дар ғурӯшаҳои хромаффинии ғадуди болои гурда ҳосил мешавад. А. ба хун дохил шуда, талаботи узву бофтаҳоро ба оксиген афзун мегардонад; баҳри фаъол сохтани гликоген, ки тачзияи он боиси дар хун баланд шудани қанд мегардад, ширкат меварзад; мубодилаи сафеда, карбогидратҳо, чарб ва ғ.-ро беҳтар менамояд; рагҳои хунро танг карда, фишори шараёнро баланд мебардорад; кори дилро метезонад; кори меъдаю рӯдаҳоро беҳтар месозад. Таъсири А. кӯтоҳмуддат аст, зеро зуд (асосан дар чигар) оксид мешавад. Бе- рун аз организм низ оксид шуданаш мумкин аст. Ҳангоми баъзе бемориҳои узвҳои дарун, силсилаи асаб, ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ) ва ғ. миқдори А. дар организм тағйир ёфта, раванди бемориро душвор менамояд. Бо мақсади табобат А.- ро аз ғадуди болои гурдаи ҳайвонот мегиранд ё бо роҳи синтез ба даст меоранд. Маҳлули намаки хлориди А. ҳангоми паст шудани фишор, бемории зиқи нафас, бемориҳои аллергӣ, ҳамчунин дар вақти беҳиссозии чузъӣ ва чарроҳӣ (барои қатъи хунравӣ) ба зери пӯст фиристода мешавад. А.-ро дар мавриди бемории гипертония, атеросклероз, иллати дил ва ғ. истифода бурдан мумкин нест.
Ад.: Адреналин и норадреналин, М., 1964; Мар- ри Р., Греннер Д., Биохимия человека, ч. 1 – 2, М., 1993; Маршалл В.Ҷ., Клиническая биохимия, М., 2000. Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …