Главная / Илм (страница 174)

Илм

АГРАНУЛОСИТҲО

agranulositho

АГРАНУЛОСИТҲО (аз a – ҳиссачаи инкорӣ, лот. granulum – дона ва юн. kytos – ҳуҷайра), ҳуҷайраҳои сафед (лейкоситҳо)-и хун, ки ситоплазмаашон дона (гранулаҳо) надорад. Дар таркиби хуни одам ду навъ А. (лимфоситҳо ва моноситҳо) мавҷуд аст. Ниг. низ Гранулоситҳо.

Муфассал »

АГРАФИЯ

agrafiya

АГРАФИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. grapho – менависам), яке аз тарзҳои ноҷӯрии нейропсихологӣ; ихтилоли нутқ, ки дар натиҷаи он бемор қобилияти навиштанро гум мекунад. А., одатан, дар мавриди суст инкишоф ёфтан ё осеб дидани қисмҳои пасисарӣ ва паси фарқисарии қишри нимкураи чапи майна (дар ростнависҳо) мушоҳида мешавад. …

Муфассал »

АҒРОЗ

agroz

«АҒРОЗ», «Ағрози тиббия», асари табиби машҳур Исмоили Ҷурҷонӣ. Ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб мухтасари «Захираи хоразмшоҳӣ» буда, муаллиф онро бо хоҳиши Мачдуддин Абӯмуҳаммад Отсиз иншо кардааст.

Муфассал »

АДВИЁТИ ҶОЛИНУС

adviyot

АДВИЁТИ ҶОЛИНУС, доруҳое, ки аз наботот (реша, бехреша, барг, гул, пӯстлох) ва ҳайвонот ҳосил карда мешаванд. Аз номи Ҷолинус гирифта шудааст. Аксари А. Ҷ.-ро бо роҳи чаббидани ашё бо об, спирт, эфир ё омехтаи спирту об, эфиру спирт ба даст меоранд. Баъзе аз А. Ҷ. аслан маҳлули ин ё он …

Муфассал »

АДЕНОИД

adenoid

АДЕНОИД (Adenoides; аз юн. Aden – ғадуд ва eidos – шакл), аз ҳад зиёд калон шудани бодомакҳои гулӯ. Асосан дар ширхораҳо ва кӯдакони 3 – 10 сола(баъзан аз 10-сола калон) мушоҳида мешавад. Ба А. баъзе бемориҳои сироятӣ, ки ҳангоми онҳо пардаи луобии даруни бинӣ ва бодомакҳо газак мегиранд (мас., сурхча, …

Муфассал »

АДЕНОМА

adenoma

АДЕНОМА (аз юн. aden – ғадуд ва …ома), омоси ғайрисаратонӣ, ки дар ғадудҳои гуногун (ғадуди шир, ҷигар, меъда, гурда, ғадуди сипаршакл ва ғ.) ба вуҷуд омада, айни замон сохтори бофтаҳои онҳоро маҳфуз медорад. А. бо мурури вақт метавонад ба омоси саратонофар табдил ёбад. Бинобар ин онро саривақт бо роҳи ҷарроҳӣ …

Муфассал »

АДЕНОМАИ ҒАДУДИ ПРОСТАТА

adenoma

АДЕНОМАИ ҒАДУДИ ПРОСТАТА (Adenoma glandula prostatica), омоси ғайрисаратонии ғадуди простата (ғадуди зермасона). Ба А. фақат мардони аз 50- сола боло гирифтор мешаванд. А. суст инкишоф меёбад. Аввалин аломати калон шудани ғадуди простата шабона зуд-зуд пешоб кардан аст. Дар аснои А. пешоб базӯр ва бе ягон хел фишор мерезад (ҳангоми росто …

Муфассал »

АДЕНОМАИ ҒАДУДҲОИ ЧАРБ

adenoma

АДЕНОМАИ ҒАДУДҲОИ ЧАРБ (Ad¬enoma sebaceum), омоси ғайрисаратонии ғадудҳои чарбӣ. А.-и ҳақиқӣ аз омоси хурд (қутраш то 1 см)-и сахт (пояча дорад) иборат аст. А. хеле кам, асосан дар пиронсолон ба мушоҳида мерасад. Бештар дар рӯй ва тахтапушт чой мегирад. Баъзе А. мансуби хол мебошанд. Онҳо дар чини лабу бинӣ, рухсора, …

Муфассал »

АДЕНОМИОМА

adenomioma

АДЕНОМИОМА (аз юн. aden – ғадуд, mys – мушак ва …ома), омосест, ки асосан аз эпителияи ғадуд ва бофтаи суфтамушак таркиб ёфтааст. Дар А. одатан, аломатҳои сабзиш ва инкишоф ба мушоҳида намерасанд. А. бештар дар бачадон (махсусан дар қисми охири танаи он), маҳбал, гоҳо дар тухмдон, роҳи меъдаю рӯда, талхадон …

Муфассал »

АДЕНТИЯ

adentiya

АДЕНТИЯ (аз юн. а – ҳиссачаи инкорӣ ва лот. dens – дандон), нуқси модарзодист, ки тамоман ё қисман набудани дандонҳоро нишон медиҳад. Бисёр вақт А. бо нодуруст сабзидани пӯст, мӯй, ғадудҳои арақ ва ғ. баробар зоҳир мегардад.

Муфассал »