Главная / Илм / АГРАНУЛОСИТОЗ

АГРАНУЛОСИТОЗ

agranulositozАГРАНУЛОСИТОЗ (Agranulocytosis; аз a – ҳиссачаи инкорӣ, лот. granulum – дона ва юн. kytos – ҳуҷайра), дар хун нест ё ниҳоят кам шудани гранулоситҳо. А. Ҳангоми бемориҳои сироятӣ (домана, уфу- нат, сил, вараҷа, сурхакон), авитаминоз, касалиҳои хун, таъсири бевоситаи моддаҳои химиявӣ (мас., буғи бензол), нурҳои ионнок, ҳассосии организми баъзе одамон ба дорувор (давоҳои сулфаниламидӣ, амидопирин, баъзе антибиотикҳо ва ғ.) пайдо мешавад. Гоҳо А. дар натиҷаи реаксияи аллергии организм ва ҳосил шудани аутоантителаҳо бар зидди лейкоситҳои хун низ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми А.-и шадид пардаҳои луобӣ ва бодомакҳо ҷароҳат пайдо карда, таб якбора баланд (баъзан та- бларза) мешавад, беҳоливу бемадорӣ рух медиҳад. Дар хун адади нейтрофилҳо кам мегардад. А.-и такрорӣ бештар дар мавриди дубора қабул кардани баъзе давоҳо ва тамос бо моддаҳои химиявӣ ба амал омада, нишонаҳои он гоҳ авҷ мегиранд ва гоҳе хомӯш мешаванд. А.-ро бо роҳи хунгузаронӣ, истифодаи витаминҳо (В2, В6, В12), доруҳои гормонӣ, антибиотикҳо ва ғ. табобат менамоянд.
Ад.: Гематологические болезни у детей, Минск, 1996; Справочник по гематологии, Киев, 1997; При- вес М.Г., Лысенков Н.К., Анатомия челове- ка, М., 1999.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …