Главная / Илм / АВИАТСИЯИ САНИТАРИ

АВИАТСИЯИ САНИТАРИ

sanitar-aviatsiyaАВИАТСИЯИ САНИТАРИ, навъе аз хадамоти тиббист, ки ба аҳолӣ, хусусан ба сокинони мавзеъҳои дурдаст мадади фаврӣ (ҷарроҳии фаврӣ, кӯмаки акушерӣ ва ғ.) мерасонад. Ҷустуҷӯи осебдидагон, интиқоли таҷҳизоти тиббӣ ва духтурон ба объектҳои муайян низ аз вазифаҳои А. с. мебошад. А. с. дар Тоҷикистон аз янв. с. 1937 фаъолият дорад. Сараввал он дар ихтиёри Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Комиссариати халқии тандурустӣ буд. Аз с. 1963 бунгоҳи А. с. дар ихтиёри Маркази миллии тиббӣ (собиқ Беморхо- наи клиникии ҷумҳуриявии № 3) фаъолият менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …