АВҶ

avchАВҶ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳили д. Панч, 26км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2410м. Дебиташ – 5 л/сон., ҳарор. обаш +34 – +350С. Дар таркиби оби чашма микроэлементҳои аз чиҳати биологӣ фаъол – магний, оҳан, никел, фтор, руҳ ва бром мавчуданд. С. 1895 дар назди чашма ҳаммом сохта шуда буд, ки дар он сарҳадбонон шустушӯ мекарданд. Маълумоти аввалини илмӣ оид ба чашма ба қалами олими шӯравӣ Н. М. Прокопенко (1930) тааллуқ доранд. Оби чашма газнок буда, миқдори гази карбонати ҳалшуда дар он 80 фисадро ташкил медиҳад; бӯи гидрогенсулфид эҳсос карда намешавад, ҳарчанд микдори он дар таркиби об 61,4 мг/л аст. Дар таркиби оби чашма литий, оҳан, никел, фтор, руҳ, бром, радон (2,3 нКи/л) низ ёфт шудаанд. Оби чашмаро метавон ошомид, чун обзан (ванна) ва барои ингалятсия, оббозӣ, шустани меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта истифода бурд. Вобаста ба таркиби химиявӣ А. ба оби нарзанҳои сулфатии Кисловодск наздик аст. С. 1978 дар заминаи Беморхонаи ноҳ. Ишкошим шӯъбаи физиотерапевтии Авч ташкил карда шуд, ки дорои 60 кат мебошад. Оби чашма барои табобати амрози дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, мубодилаи моддаҳо, бемориҳои занона, гурдаю пешобдон ва ғадудҳои усораи дохилӣ нафъ дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмама- дов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …