Главная / Илм / АБХАРВ

АБХАРВ

abkharvАБХАРВ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 10 км дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2800 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз се мавзеъ фаввора мезанад, ки ҳарорат ва дебити онҳо гуногун мебошад. Чашмаи якум тақр. 1 км дуртар аз резишгоҳи сои Дараи Намак воқеъ гашта, ҳарор. обаш + 13,2 – +140С, дебиташ 2,4 л/сон. аст. Ду чашмаи дигар дар масофаи 150 – 300 м аз резишгоҳи сой қарор гирифтаанд; ҳарор. оби онҳо +70С, дебиташ 0,3 л/сон. мебо- шад. Таркиби оби чашма аз катионҳои калсий (433 мг/л), натрий (222 мг/л), маг- ний (121 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (1244 мг/л), сулфатҳо (667 мг/л), хлоридҳо (248 мг/л), ҳамчунин оҳан, никел, руҳ, мар- гимуш, радон (4,6 нКи/л) ва бром иборат аст. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо нафъ дорад. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба обҳои минералии курортҳои Хмелнитский ва Балатонфюред (Венгрия) ва нарзани Кисловодск наздик аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …