Главная / Илм / АВЛОДШИНОСИ

АВЛОДШИНОСИ

genealogiiaАВЛОДШИНОСИ, аҷдодшиносӣ, насабшиносӣ, генеалогия, фаннест, ки хешии байни фардҳои як ё чанд авло дро муайян месозад. Маълумотҳо рочеъ ба А. (ҳуччат ва санадҳое , ки дар бораи маҳз аз кадом волидайн ва ачдоди дур пайдо шудани шахси мавриди тадқиқ қарорёфта гувоҳӣ медиҳанд) барои ирсияти инсон, генетикаи тиббӣ ва ғ. аҳамияти калон доранд. Зеро онҳо барои муайян намудани хусусиятҳои меросгирии ин ё он нишонаҳои табиӣ ва ё беморӣ мадад мерасонанд. Баҳри тадқиқи бемориҳои ирсӣ дар тиб усули махсусро ба кор мебаранд, ки он барои муқаррар кардани авлод ва пай бурдани нишонаи иллати меросӣ имкон медиҳад. А. инчунин ёвари фанни таърих буда, ба муҳаққиқон барои омӯхтани иртиботи хешутаборӣ, масъалаҳои пайдоиш ва ғ. мадад мерасонад. Ниг. низ Ирсият, Генетикаи тиббӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …