Главная / Илм / АГНОЗИЯ

АГНОЗИЯ

agnoziiaАГНОЗИЯ (аз a – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. gnosis – дониш, маърифат), дуруст тасаввур ва дарк карда натавонистании ашё ва ҳодисаҳо, ки бинобар осеб ёфтани маркази олии асаб (ҳангоми хуншории майна, омос, садамаи мағзи сар ва ғ.) ба амал меояд. Вобаста ба осеби қисмҳои алоҳидаи қишри майна А. босиравӣ, сомеавӣ шоммавӣ, ломисавӣ ва ғ. мешавад. Дар мавриди А . – и б о с и р а в ӣ ё «нобиноии рӯҳӣ» бемор баъзе аломатҳо (мас., ранг, шакл)-и ашёро дарк карда тавонад ҳам, худи онро намешиносад; ҷузъиёти барои ашё фаръиро мебинад, вале аломатҳои асо- сии онро ҷудо ва худи ашёро номбар карда наметавонад. Ҳангоми осеб дидани пушт ва фарқи сар бемор наметавонад ҳолати худро дар фазо муайян созад, чапро аз рост фарқ бикунад, самти ҳаракатро ёбад. Дар мавриди А.-и сомеавӣ ё «гӯшвазнинии рӯҳӣ» қувваи шунавоӣ боқӣ мемонад, вале лаёқати ҷисмҳоро аз рӯи овоз донистан, шинохтан ва фарқ карда тавонистан гум мешавад. Бемор обро аз шилдиросаш ё сагро аз аккос заданаш фарқ карда наметавонад. Ҳангоми А.-и ломисавӣ бемор ашёеро, ки бо чашми кушода мешинохт, бо чашми пӯшида бо ламс фарқ намекунад. Яке аз шаклҳои махсуси А. надонистани ҷисми худ мебошад, ки дар натиҷаи осеби нимкураи рости майна ба мушоҳида мерасад. Бемор андомҳои худро намешиносад, гумон мекунад, ки чанд дасту пой дорад. Аз ин рӯ, А. ба ихтилоли ҷузъии ҳолати рӯҳӣ мансуб аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …