Главная / Илм / АВЕСТО

АВЕСТО

avestaАВЕСТО, Авасто, Абасто, қадимтарин асари адабиёти мардуми ориёӣ (эронинажод), китоби муқаддаси зардуштия – оини халқҳои эронинажод. Матни ибтидоии А., ки дар байни аҳли мазҳаб шифоҳӣ нақл меёфт (забони А. дар а. 4 то м. матрук буд), баъдтар китобат шуда (алифбои «авестоӣ» аз а. 3 болотар нест), дар аҳди Сосониён (а-ҳои 3 – 7) сурати расмӣ гирифтааст, аз 21 китоб (наск) иборат буда, 350000 калимаро дарбар мегирифт (танҳо 83000 калимааш то замони мо боқӣ мондааст). А. дар ду таҳрир (вариант) маъмул аст: якум – мачмӯаи порчаҳои ибодатӣ, ки аз чанд китоби он фароҳам омадааст ва дуюм – панч қисми мустақил: «Вандидод» – мачмӯаи амрҳои динӣ, «Вис- парад» ва «Ясно» – муночот; «Яштҳо» – сурудҳои муқаддаси эзидон (Аредви- сура Аноҳита, Митра, Ҳаома ва диг.) ва зардуштӣ; «Хурд-Авесто» – дуоҳо, матнҳо барои ичрои намоз ва маросимҳои динӣ. Қадимтарин бахши А. «Готҳо» (сурудҳо) мебошад, ки онҳоро худи Зардушт навиш- тааст. «Готҳо» муҳимтарин қисми «Ясно» буда, 17 боби онро (аз 72 боб) ташкил медиҳанд. Дар «Яштҳо» асотир, қиссаҳову ривоятҳои мардуми эронинажод фароҳам омадаанд. Варианти якуми А. тарчумаи паҳлавӣ (форсии миёна) надорад (бинобар он «Вандидоди сода» – соф ном гирифтааст). Матни варианти дуюм тарчумаи таф- сирноке ба забони паҳлавӣ дорад, ки онро «Занд» меноманд (ибораи «Занд-Авесто» аз ҳамин чо баромадааст).
А. дар ибтидои ҳазораи якуми то м. дар марзи Осиёи Марказӣ ва шим. Афғонистон пайдо шудааст. Такомули минбаъдаи А. дар кишварҳое, ки мардуми эронӣ маскун буданд – Мод, Атропатена (Озарбойчон) ва хусусан чануби Эрон (Форс) ба амал омадааст. Бинобар он А. чун асари адаби- ёт ба халқҳои ин чо низ нисбате дошта, барои омӯхтани таърих, маданият, эътиқоди динӣ, фолклор ва анъанаҳои адабию эсте- тикии ин халқҳо аҳамияти бузурге дорад. А. асари динию ибодатӣ бошад ҳам, бисёр порчаҳои адабие дорад, ки асосан аз чанбаи асотирӣ иборат буда, намунаҳои фолклори эрониёни қадимро то имрӯз боқӣ доштааст. А., ғайри фармоишоти маросимию мазҳабии соф, аз нуқтаи назари ғоявӣ унсурҳои ибтидоии илмӣ, тиббӣ, тасаввуроти қонунгузорӣ, мачмӯи ба ҳам омезишёфтаи дастурҳои ақидавӣ (динӣ ва фалсафии ибтидоӣ), ахлоқӣ ва эстетикиро низ дар бар гирифтааст.
Дар А. илми тиб чун санъати дар ҳолати солим нигоҳ доштани бадан баён ёфтааст. Бино ба маълумоти А. тиб ва табибон дар он давру замон мартабаи баланд доштаанд. Як қисми А. – «Вандидод» пурра ба масъалаҳои муҳити зист ва тиб бахшида шудааст. «Вандидод» аз 22 фаргард иборат буда, дар он таҳлили сабаби бемориҳо, ночӯриҳои мавриди бемориҳо рухдиҳанда, роҳу воситаҳои пешгирӣ ва табобати беморон мувофиқи фалсафаи зардуштия маънидод мешаванд. Ҳадди асосии тибби А. иборат аз се амал аст: тадбир (пешгирӣ), табобат (бо дору, чарроҳӣ) ва дуохонӣ (талқин). Инчунин дар А. таълими тарзи ҳаёти солим (пок нигоҳ доштани бадан, моҳияти гирифтани нохуну мӯй, покии манзил, обу хок, моҳияти ғизо, машрубот, маҳв сохтани ҳашароти зарар- расон ва ғ.) чой доранд. Мувофиқи таъли- моти А. офаридгори коинот Аҳура Маздо аст, ки ӯ тачассуми некӣ, нур ва ҳақиқат буда, бо ёрии фариштаҳои гуногун ба ма- ризон дасти ёрӣ дароз мекунад. Дар баро- бари ин дар А. офариниши бад Аҳриман низ фаъолият дорад. У сабабгори бадӣ, дурӯғ ва зулмот буда, ба сари одам 99999 беморӣ овардааст. А. оид ба масъалаҳои ҳифзи модару тифл, оила ва никоҳ, одоби табибу табобат, ташхиси бемориҳо маълу- моти чолиб медиҳад. Дар он таъсири ка- лом, гиёҳҳои шифобахш ва теғ аз чумлаи воситаҳои муоличаи маризон дониста шудаанд. Дар А. ҳамчунин доир ба анатомия ва физиологияи одам маълумоти умумӣ зикр ёфтааст. Дар байни сабабҳои беморӣ шамол кашидан, ҳарорати баланд, одатҳои номатлуб, гуруснагӣ, пурхӯрӣ, хастагӣ, ғизои пастсифат ва ғ. баён шудаанд. Қайд гаштааст, ки беморӣ ба чисми одам ба во- ситаи даҳон, бинӣ, чашм, пӯст, аъзои тано- сул ва ғ. ворид мешавад. Дар А. ба ҳамли дуруст, таваллуди тифли солим, беҳдошти зан, пешгирии амрози занона эътибори чиддӣ дода шудааст. Эрониёни қадим чоки қайсарро хуб медонистанд. Маълум аст, ки Рустам аз батни модар бо ҳамин роҳ берун оварда шуда буд. Дар А. оид ба бемориҳои чарроҳиталаб (сӯхта, осеб, захм ва ғ.) низ маълумот вучуд дорад. Ҳамчунин таъкид гаштааст, ки часади марҳум аз маҳалли сукунат дур нигоҳ дошта, қоидаҳои беҳдошт риоя ва ба часад расидани оби киштзор ва асбобҳои рӯзгор пешгирӣ карда шавад.
Духтарону писарон аз 15-солагӣ болиғ донис- та мешуданд. Дар А. қайд гаштааст, ки Аҳу- ра Маздо барои ода- мон беш аз 10 000 гиёҳи шифобахш ато карда- аст. Дар А. нахустин пизишки рӯи замин Трита зикр шудааст. Ӯ ҳамаи навъҳои гиёҳҳои шифобахш ва тарзи аз онҳо таҳия сохтани доруро медонист. Дар А. ҳамчунин хосияти шифобахшии шакар, асал, равғани шафтолу, кунҷид, шилми дарахт, сирко, сир, май ва ғ. ёдовар шудааст. Баъзе гиёҳҳои шифобахши дар А. оварда то имрӯз маъ- луманд. Мас., ҳаома (эфедра), ки дар А. тавсиф ёфтааст, дар Ҳиндустон чун растании «сома», дар ноҳ. Айнӣ чун растании «хум», дар ноҳ. Панҷакент бо номи «ҳам» маълум буда, аз он дору таҳия месозанд. Мувофиқи маълумоти А. ба табибӣ одамо- ни махсус шуғл доштанд. Онҳо дуру дароз таълим гирифта, дар баробари фаслҳои назарӣ ва амалии тиб биология, зоология, ботаника, таърих, адабиёт, астрология, фалсафа, дин ва ғ.-ро аз худ мекарданд. Табобати чорво низ ба ӯҳдаи табибон вогузор буд. Нисбати табибон талаботи ниҳоят сахт вуҷуд доштанд. Мас., ҷарроҳ қабл аз он ки ба ин касб машғул шавад, бояд се нафар одамони динашон ғайри зардуштиро ҷарроҳӣ карда, аз санҷиш мегузашт. Дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани ҷарроҳӣ табиб ҳуқуқ надошт, ки ба касби худ идома диҳад. Дар асоси маълумоту санадҳои мавҷуда метавон хулоса баровард, ки омӯзиши А. имкон медиҳад саромаду шабоҳат, ваҳдату решаи амиқи таърихии тибби мардуми эронинажод муқаррар карда шавад.
Ад.: Тоҷиев Я., Исҳоқӣ Ю.Б., Таърихи мухтасари тибби тоҷик, Душанбе, 1993; Нақши Аве- сто дар тамаддуни миллӣ ва ҷаҳонӣ, Душанбе, 2001; Авесто, Душанбе, 2001.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …