Главная / Илм / ГИСТОПЛАЗМОЗ

ГИСТОПЛАЗМОЗ

gistoplazmozГИСТОПЛАЗМОЗ, бемории Дарлинг, ситомикози Дарлинг, микози амиқ; аксар боиси иллати шуш ва узвҳои дигар мегардад. Ангезандаи Г. занбӯруғи Histoplusma capsulatum мебошад. Дар хоки нам ва об то 6 ҳафта маҳфуз мемонад. Одам дар натиҷаи ба роҳи нафас афтодани спораҳои занбӯруғ сироят меёбад. Ҳолатҳои аз одам ба одам сироят намудани ангезаи Г. ба қайд гирифта нашудаанд.
Давраи ниҳонии беморӣ 7 – 14 рӯз аст. Г. чанд навъ дорад, вале бештар Г.-и шадиди шуш дучор меояд. Беморӣ 2 – 3 ҳафта давом мекунад. Ҳангоми вазнин будани ҷараёни маризӣ ҳарор. бадан то 40 – 41°С баланд шуда, бемор табларза ва мушаку устухонҳо дард мекунанд. Дарди сандуқи сина, сурфа, баъзан дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қай, исҳол низ ба вуҷуд меояд. Беморӣ то 1 сол давом меёбад.
Г.-ро бо доруҳои аэрозолӣ табобат менамоянд. Ҳангоми Г.-и шадиди шуш фарҷоми беморӣ хуб аст; дар мавриди Г.-и музмини шуш оқибати маризӣ ҷиддӣ мебошад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

zardushtizm

Зардуштия (Дини Зороастризм)

ЗАРДУШТИЯ – динест дар Осиёи Миёна пайдо шуда, тақрибан дар ҳазораи 0д1086 охири то мелод …