Главная / Илм / ГИРУДОТЕРАПИЯ

ГИРУДОТЕРАПИЯ

girudoterapiyaГИРУДОТЕРАПИЯ (Hirudotherapia), шуллукшифоӣ, муолиҷа ба тавассути шуллук. Г. таърихи хеле қадима дорад. Асосгузори он Никандр аз Колофон мебошад (с. 100 – 130 то м.). Асарҳои аввалинро оид ба шуллукшифоӣ Буқрот, Ҷолинус ва Абӯалӣ ибни Сино навиштаанд. Олими машҳури рус Н.И. Пирогов ба Г. эътибори хос медод.
Г. ҳамчун усули иловагии табобат самараи хуб меорад. Онро метавон ҳангоми амрози занона (миома, фиброма, мастопатия, вулвовагинит, эндометриоз ва ғ.), бемориҳои урологӣ (простатит, сусткамарӣ, аденомаи ғадуди простата, систит, уретрит), дилу рагҳо (нуқси дил, зиқи дил, ҳолати баъди сактавӣ, тромбофлебит, фишорбаландӣ), даҳон (пародонтоз, гингивит, стоматит), аъзои ҳозима (гастрит, колит, холесистит, панкреатит, селлюлит), амрози асаб (неврит, сарсом, ҷунбидани майна, сактаи мағзи сар, радикулит ва полиневрит) ва ғ. истифода бурд. Баъди гузоштани шуллук ҳаракати хун дар узву бофтаҳо беҳтар гашта, судда ва омосҳои некфарҷом барҳам мехӯранд, иммунитет устувор мегардад.
Дар мавриди вазнин будани маризӣ шуллукро фақат духтур (гирудотерапевт) мегузорад. Ҳангоми бемориҳои сабук ин кор ба ӯҳда ҳамшираи тиббӣ аст.
Қабл аз Г. бемор бояд оббозӣ накунад, ба тан собун назанад, марҳаму упо намолад; ӯ бояд аз истеъмоли машруботи спиртдор худдорӣ намояд, сигор (3 – 4 соат пештар) накашад. Ҳамаи ин ба кормандони тиб низ дахл дорад. Дасти онҳо бояд бӯи спирт, дору, тамоку надошта бошад. Зеро бӯи тезро ҳис карда, шуллук ба пӯсти мариз намечаспад.
Қабл аз гузоштани шуллук ба пӯст спирти тоза мемоланд (бо мақсади нест кардани микробҳо). Сипас спиртро бо пахтаи дар оби гарм (+55°С) таркарда тоза мекунанд (то ки бӯй боқӣ намонад). Атрофи ҷои шуллук мегузоштаро низ тоза кардан лозим аст. Корманди тиббӣ аз банка шуллукро бо дасти луч мегирад. Шуллукҳои солим ва сер барои Г. кор намеоянд. Шуллуки гурусна зуд аз паи макидани хун мешавад. Баъди гузоштани шуллук, мариз бояд дароз кашад. Г. аз 30 то 90 дақиқа давом мекунад. Дар як навбат 7 – 10 шуллук гузоштан мумкин аст. Г. дар мавриди ҳомилагӣ, гемофилия (лахта набастани хун), камхунии вазнин, диатези хунрез ҷоиз нест. Қабл аз истифодаи Г. ҳатман бо духтури гирудотерапевт маслиҳат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …