Главная / Илм / ГИСТЕРОСКОПИЯ

ГИСТЕРОСКОПИЯ

gisteroskopiyaГИСТЕРОСКОПИЯ (юн. hystera – бачадон ва skopeo – муоина кардан), муоинаи даруни бачадон ба воситаи гистероскоп. Г.-ро духтур дар беморхона ба ҷо меорад. Онро бо мақсади ташхиси нуқси инкишофи бачадон, часпидагиҳои бачадонӣ, миомаи зери луобпарда, эндометриози даруни бачадон, полипҳо ва саратони эндометрия кор мефармоянд; он ҳамчунин барои назорати сифати тароши луобпардаи бачадон истифода мегардад. Бо кумаки гистероскоп биопсия мекунанд, миомаҳои хурди зери луобпарда ва полипҳоро гирифта дур месозанд. Г. ҳангоми бемориҳои сироятии шадид, амрози вазнини дилу рагҳо, бемориҳои илтиҳобии шадиди узвҳои таносул ҷоиз нест.
Дар сурати риоя кардани қоидаҳои Г. оризаҳои вазнин (мас., сӯрох шудани бачадон, бемориҳои илтиҳобии аъзои таносул ва ғ.) ба вуҷуд намеоянд.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …