Главная / Илм / ГИСТОЛОГИЯ

ГИСТОЛОГИЯ

gistologiyaГИСТОЛОГИЯ (Histologia; аз юн. histos – бофта ва …логия), бофташиносӣ, як соҳаи морфология, ки сохтор, инкишоф ва фаъолияти бофтаҳои ҳайвоноти серҳуҷайра ва одамро меомӯзад. Г. бо ситология (таълимот дар бораи ҳуҷайра, сохт ва фаъолияти он) зич алоқаманд аст. Сохти ҳар як бофта дар ҷараёни онтогенез (такмили фардии организм, ки аз бордоршавии ҳуҷайратухм сар мешавад) инкишоф меёбад. Бинобар ин, Г. бо эмбриология (илмест, ки организмро то таваллуди он меомӯзад) марбут аст. Фасли Г., ки инкишофи организмро меомӯзад, гистогенез (тавлиди бофтаҳо) номида мешавад.
Усули асосии тадқиқи Г. истифода аз микроскоп аст. Хусусан тадқиқи ултрамикроскопии сохторҳо аҳамияти калон дошта, он имкон медиҳад, ки ҳуҷайра ва бофтаҳо амиқ омӯхта шаванд.
Г.-и муосир робитаи байни сохтори ҳуҷайра, бофта ва узвро бо фаъолияти онҳо муқаррар месозад. Бо мақсади омӯзиши қонуниятҳои инкишофи бофтаҳо аз усули кишти онҳо (ниг. Кишти ҳуҷайра ва бофтаҳо) истифода мекунанд. Тадқиқи бофтаҳое, ки дар мавриди беморӣ тағйир ёфтаанд, вазифаи патогистология аст. Мафҳуми Г.-ро с. 1819 олими немис К. Майер ба илм дохил кардааст. Асоси методологияи Г.-ро дар с-ҳои 30-юми а. 19 назарияи ҳуҷайра, ки Т. Шванн ба вуҷуд оварда буд, ташкил кард. Дертар тасвири морфологию физиологии ҳуҷайра асоси Г.-и муосир гардид. Дар нимаи дуюми а. 19, сипас дар аввали а. 20 далелҳои асосноки илмӣ роҷеъ ба бофтаҳои пӯстпарда, мушак ва асаб ба вуҷуд омаданд.
Дар Тоҷикистон Г. чун илми мустақил с. 1939 баъди ташкили кафедраи гистологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино равнақ ёфт. Тадқиқоти олимони кафедра ба масъалаи морфологияи баландкӯҳӣ, шифои захм дар шароити кӯҳистон, гипертрофияи гурдаи сангпушт, кабӯтар ва калламушҳои сафед, морфогенез ва регенератсияи узву бофтаҳо дар ҷонварон, фаъолияти митозии паренхимаи гурда дар шароити гуногун, қобилияти таҷдидии ҷигар ва ғадудҳои лимфа ҳангоми таъсири омилҳои номусоид, таъсири чанги пахта ба луобпардаи роҳи нафас, бофтаи дандон ба маводи пломба ва ғ. бахшида шудаанд. Роҷеъ ба Г. дар Ин-ти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ, Ин-ти гастроэнтерология, Ин-ти чорводории АИК ҶТ ва кафедраи физиологияи одами ДМТ низ пажӯҳиш анҷом дода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …