ГИСТИОСИТҲО (аз юн. histion – бофта ва kytos – ҷойгоҳ; дар ин ҷо ҳуҷайра), ҳуҷайраҳои пӯлаи бофтаҳои пайвандии ҷонварони мӯҳрадор ва одам. Г. дар организм вазифаи муҳофизатро иҷро мекунанд. Онҳо заррачаҳои гуногун, аз ҷумла бактерияҳоро дошта ҳазм менамоянд. Г. дар аснои ангезишҳои гуногун, мас., ҳангоми аксуламалҳои илтиҳобӣ фаъол гашта, ба макрофагҳо табдил меёбанд. Г. дар ҷанин аз мезенхима, дар организми болиғ – аз ҳуҷайраҳои бофтаҳои пайвандии пӯла ва баъзе ҳуҷайраҳои хун (лимфоситҳо ва моноситҳо) ба вуҷуд меоянд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …