Главная / Илм (страница 120)

Илм

ҒИЗОҲОИ МУНҶАМИД

gizohoi-munchamid

ҒИЗОҲОИ МУНҶАМИД, консентратҳои ғизоӣ, омезаҳои хӯрокворӣ барои зуд ва осон тайёр кардани таом. Аз маҳсулоте, ки барои пухтани Ғ. м. гирифта мешавад, ҷойҳои сахту нодаркорашро бурида мепартоянд, қима карда меҷӯшонанд (мезирбонанд ё буғ медиҳанд), хушк ва баъзан мангана мекунанд. Ғ. м. арзиши ғизоии пурқимат дошта, хушҳазманд ва таоми онҳо хеле …

Муфассал »

ҒОЗИЧОЙ

helichrysum-maracandicum

ҒОЗИЧОЙ (Helichrysum maracandicum), гули ғозӣ, растаниест бисёрсола. Аз 15 то 75 см қад мекашад. Пояаш ҷӯякдори бӯртоб, баргаш сабз, сабзи хокистарранг ё бӯри зардча, гулаш зард, тухмаш дорчинии сиёҳтоб. Моҳҳои май – июл гул карда, июл – окт. тухм мебандад. Ғ. дар минтақаҳои бешазори дарахтони паҳнбарг, арчазор ва даштҳои мавзеъи …

Муфассал »

ҒОИБОВ Абдулло

no-photo

ҒОИБОВ Абдулло (тав. 10. 01. 1922, деҳаи Қалъаи Ҳоҷии ноҳ. Ғончии вил. Суғд), доктори илмҳои тиб (1974), проф. (1975), духтури тахассуси дараҷаи олӣ (1992), Аълочии тандурустии ИҶШС. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогии ноҳ. Орҷоникидзеобод (ҳоло ш. Ваҳдат; 1941) с-ҳои 1941 – 42 муаллими синфҳои ибтидоии мактаби деҳаи Шулмаки ноҳ. Ғарм (ҳоло …

Муфассал »

ҒОИБОВ Алиҷон Ҷӯраевич

goibov-alichon-churaevich

ҒОИБОВ Алиҷон Ҷӯраевич (тав. 20. 08. 1957, деҳаи Навободи ноҳ. Қумсангир), духтури ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1996), проф. (1997), Узви вобастаи АИТТ (2010), дорандаи Мукофоти давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2002). Хатмкардаи ДДТТ (1979). Ординатори клиникии Маркази илмии умумииттифоқии ҷарроҳии АИТ ИҶШС (1981 – 83), ординатори Беморхонаи клиникии …

Муфассал »

ҒОМРУК

gomruk

ҒОМРУК (Colutea paulsenii), говқасиркунак, камширак, зинҷак, қасирак як навъ бутта. То 2 м қад мекашад. Баргаш пармонанд. Хӯшагулаш 3 – 15-гула; гулаш зард, норанҷӣ (май – июн мешукуфад). Ғилофакаш пуфакмонанд, байзашакл; тухмаш дорчинӣ. Буттаи хоси Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, инчунин Помири Ғарбӣ; 800 …

Муфассал »

ҒОР

gor

ҒОР (Laurus nobilis), дарахти ғор, даҳмушт, дарахтест ҳамешасабз. То 19 м қад мекашад. Баргаш чармгун, дарозрӯя ё нештаршакл; гулаш майдаи сафед; мевааш яктухма, сиёҳи кабудтоб. Дар ҷангалҳои кӯҳсори кишварҳои Баҳри Миёназамин худрӯй аст. Дар Юнони Қадим ғолибони мусобиқа, қаҳрамонон, шоирон ва ғ.-ро бо чанбари Ғ. (лавр) сарфароз мекарданд (калимаи «лауреат» …

Муфассал »

ҒОФИҚӣ

braginskiy

ҒОФИҚӣ, Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни ас-Сайид ал-Ғофиқӣ ал-Мағрибӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1165), гиёҳшинос, табиб ва дорушиноси номии Андалус (Испанияи исломӣ). Дар Ғофиқ ном шаҳраке дар наздикии Қуртуба ба дунё омадааст. Илми тиб ва дорушиносиро бисёр хуб ва амиқ омӯхта, дар маърифати қувваҳо, манофеъ, хосиятҳо ва …

Муфассал »

ҒУБАЙРОИ СИЁҲ

gubayroi-siyoh

ҒУБАЙРОИ СИЁҲ (Aronia melanocarpa), бутта ё дарахтест хурд; аз 0,5 то 2 м қад мекашад. Гулаш сафед, мевааш мурудмонанд, сиёҳи ҷилодор, нордон, хуштаъм. Аз ҳар бех дарахти боғии 40-сола то 100 – 250 кг мева меғундоранд. Меваашро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Мева ва оби он мушаҳҳӣ (иштиҳоовар) аст, …

Муфассал »

ҒУБАЙРОИ СУРХ

sorbus-aucuparia

ҒУБАЙРОИ СУРХ (Sorbus ausuporia), як навъ бутта ё дарахтест хурд; то 2 м қад мекашад. Баргаш мураккаб (аз 9 – 17 баргча иборат), пармонанд. Гулаш сафеди хушбӯй, 5-барга (май – июн мешукуфад). Мевааш мудаввар, зарди норанҷӣ ё сурхи ҷилодор (сент. – окт. мепазад). Ғ. с.-и худрӯй дар кӯҳсори Кавказ ва …

Муфассал »

ҒУВВОСИ ГӯШ

guvvosi-gush

ҒУВВОСИ ГӯШ, танин, ҷеғ задани гӯш. Дар вазъияти хомӯшии том низ гӯши одами тамоман солим ғуввос мезанад; ба ин ҳаракати хун дар хунрагҳои хурди гӯши дарунӣ сабаб мешавад (ба ном садои физиологӣ). Ғуввоси дарднок (патологӣ)-и гӯш аз нобарор ҷорӣ шудани хун дар асабияи сомеа ё ангезиши он аз бемориҳои гӯши …

Муфассал »