Главная / Илм / ГИСТАМИН

ГИСТАМИН

gistaminГИСТАМИН, моддаи аз нигоҳи физиологӣ фаъол; мансуби гурӯҳи аминҳои биогенӣ аст. Г. дар организм аз аминокислотаҳо – гистидин ҳосил мешавад; он ба миқдори зиёд дар ҳуҷайраҳои захим (фарбеҳ) низ вуҷуд дорад. Г. камубеш ба воситаи ғизо ҳам ба организм ворид мешавад. Г. дар таркиби хун асосан дар шакли пайвасти ғайрифаъол мавҷуд аст (дар плазма аз 0 то 5 мкг/г гистамини озод вуҷуд дорад). Самараи физиологии Г. дар афзун гардондани қобилияти нуфузпазирии девораи рагҳои хурд мебошад. Бинобар ин Г. дар он ҷое ки ҳосил шудааст, дар танзими микросиркулятсия ширкат меварзад, ба рондани шираи ҳозима мусоидат менамояд. Г. ба сифати медиатор дар пайдоиши аксуламалҳои аллергӣ иштирок мекунад, мас., ҳангоми саглес, варами Квинке, бронхоспазм. Дар плазмаи хун ва диг. моеъоти биологӣ барзиёд ғун шудани Г. (мас., ҳангоми шоки анафилаксӣ; ниг. Анафилаксия) боиси ихтилоли умумии организм мегардад.
Дигидрохлориди гистамин (Histaminum dihydrochloridum) дору буда, дар шакли хока ё ампула истеҳсол мешавад. Онро ба пӯст мефиристанд, дар шакли марҳам истифода мебаранд, бо роҳи электрофорез кор мефармоянд (ҳангоми артрит, тарбод, радикулит, плексит ва ғ.).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …