Главная / Илм / ГИРУДИНОЗ

ГИРУДИНОЗ

gurudinozГИРУДИНОЗ (Hirudiniasis; аз лот. hirudo, hirudinis – шуллук), беморие, ки бинобар ба пӯст ё ҷавфи гуногуни организм (мас., роҳи нафас, роҳи меъдаю рӯдаҳо) часпидани шуллук ба вуҷуд меояд. Шуллук ба организми одам ҳангоми ошомидани оби ҳавзу кӯлҳо, ҷӯйбор, оббозӣ кардан ё пои бараҳна гаштан дар шибарзаминҳо роҳ меёбад. Шуллук гирудин (антикоагулянти таъсираш сахт) ва моддаи шабеҳи гистамин (мӯрагҳоро васеъ месозад) ихроҷ мекунад. Сабаби хуншор шудани ҷои часпидаи шуллук низ дар ҳамин аст. Г. бо хунравӣ, камхунӣ, сардард ва аломатҳои дигар падид меояд. Хусусан, ба роғи садобаро ё девораи трахея часпидани шуллук хавфнок буда, он метавонад боиси асфиксия гардад.
Бо мақсади муолиҷаи Г. шуллукро бадар овардан лозим аст. Аз сатҳи пӯст онро бо пахтае, ки дар маҳлули йод ё спирт тар карда шудааст, ҷудо карда мегиранд; онро бо алангаи гӯгирдчӯб сӯзондан ҳам мумкин аст. Барои аз ҷойҳои ба чашм намоёни луобпарда гирифтани шуллук намакобро кор мефармоянд. Ҳолатҳои бо ҷарроҳӣ берун овардани шуллук низ мавҷуданд (мас., аз бинӣ, гулӯ, ҳанҷара ва ғ.).
Баҳри пешгирии Г. оби кӯлу ҳавзҳоро эҳтиёткорона нӯшидан лозим аст. Ҳангоми кор дар шибарзамин мӯзаи резинӣ мепӯшанд.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …