Хабарҳои охирин

АНГУР

angur

АНГУР меваест маъмул. Дар Тоҷикистон 211 навъи А. парвариш меёбад. А.-ро барои тархӯрӣ, афшурагирӣ ва мавиз хушконидан, пухтани мураббо, ширинӣ ва майкашӣ истифода мебаранд. Дар таркиби А. қанд, туршӣ, витаминҳои А, С, В, моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералии калий, калсий, магний, фосфор, оҳан, манган мавҷуд аст. Афшураи А. мубодилаи моддаҳоро дар …

Муфассал »

АНГУРАК

rhamnus-cathartica

АНГУРАК (Rhamnus cathartica), сиёҳбодом, олучаи хирсак, бутта ё дарахтест сершоху барг. То 8 м қад мекашад. Баргаш байзашакл ё мудаввар. Гулаш майдаи сабз, зардтоб. Мевааш сероб, курашакли сиёҳ, донакаш сиёҳтоб, байзашакл. Май – июн гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар қади сойҳо, соҳилҳои баланди дарёҳо, буттазор, туғайзор мерӯяд. …

Муфассал »

АНГУРҒӯРА

angurgura-310x205

АНГУРҒӯРА, самари хоми ангур, ки таъми турш дорад; ангури норасида. А. дар тибби халқӣ фаровон истифода мешавад. Бино ба ақидаи табибони мардумӣ хӯрдани А. ҷӯшиши зардаро мегардонад, балғами дар меъда пайдошударо меканад, ҷигарро қувват медиҳад, ташнагиро шикаста ба ҷисм неру мебахшад. А.-и хушкро кӯфта банданд, бӯи арақи баданро рафъ месозад, …

Муфассал »

АНГУШТ

ukazatelnyj-palets

АНГУШТ, қисми интиҳои дасту пои одам ва ҳайвонот. А.-и одам бинобар рост будани қомат ва ба узви корӣ табдил ёфтани даст куллан тағйир ёфтааст. А. қисми муҳими даст буда, барои доштани чиз, иҷрои амал ва ғ. хидмат мекунад. Сарангушт вазифаи идора карданро ба ҷо меорад, А.-и саббоба (А.-и ишорат) пас …

Муфассал »

АНГУШТЗАНӣ

ck_AuT_Amoxicilin

АНГУШТЗАНӣ (Perkussio), перкуссия, яке аз усулҳои муоинаи узвҳои дарун. А.-ро дар тиб аз авв. а. 19 истифода мебаранд. Ҳангоми ба сатҳи бадан ангушт задан, дар узвҳои зери он ҳаракатҳои лаппишнок ба вуҷуд меоянд, ки садо ва давомоти муайян доранд. Мас., шуш, ки ковок ва пурҳавост, садои возеҳу рӯшан мебарорад; ҷигар …

Муфассал »