Хабарҳои охирин

АНДРОСТЕРОМА

androsteroma

АНДРОСТЕРОМА, навъе аз омосҳо. А.-ҳо нисбатан кам дучор омада, асосан хоси занҳо (асосан то 35-сола) мебошанд. Дар мавриди А. миқдори гормони ҷинсии мардона – андроген меафзояд. Дар натиҷа дар занҳо қабати равғани зери пӯст кам, мушакҳо калон, овоз дағал ва паст мешавад; дар бадан, дасту пой ва чеҳра мӯйҳои сершумор …

Муфассал »

АНЕВРИЗМА

anevrizma

АНЕВРИЗМА (Aneurysma; ба маънои васеъ шудан), васеъ гаштани рагҳои хун ё ҷавфи дил, ки дар натиҷаи ёзидан ва дамидани девораҳои он ба вуҷуд меояд. А.-ро чун боди сактаи дил, атеросклероз, сифилис ва диг. бемориҳо, ҳамчунин натиҷаи захм (А.-и захмӣ) медонанд. Маълум аст, ки нуқси модарзоди девораи раг метавонад боиси пайдоиши …

Муфассал »

АНЕСТЕЗИОЛОГИЯ

anasteziologiya

АНЕСТЕЗИОЛОГИЯ (Anaesthesiologia; аз юн. anaisthesia – беҳиссӣ, карахтӣ ва …логия), як фасли тибби амалист, ки масъалаҳои рафъи дард ва идораи фаъолияти ҳаётан муҳими организм (нафаскашӣ, гардиши хун, мубодилаи моддаҳо ва ғ.)-ро таҳия месозад. Баъзе усулҳои А. ба табибони қадим маълум буд. Мас., онҳо бо мақсади карахт кардан аз маводи мухаддир, …

Муфассал »

АНЗОБ

anzob

АНЗОБ, чашмаи хунуки минералӣ, 95 км шимолтари Душанбе (8 км шимолтари ағбаи Анзоб), дар сари роҳи Душанбе – Хуҷанд, дар баландии 3179 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ 0,5 л/сон., минералнокиаш 1,3 г/л. Оби А. дар таркиби худ гидрокарбонати калсий, магнию натрий дорад. Ад.: Чуршина Н.М., Минеральные воды Таджикистана, …

Муфассал »

АНИС

anis

АНИС [Pimpinella anisum (≈ Anisum vulgare)], анисун, бодиёни румӣ, бодиёни мисрӣ, бодиёни форсӣ, гиёҳест яксола; ба кашниз ва ҷаъфарӣ монандӣ дорад. Бехаш дукмонанд (дарозиаш 50 – 90 см), пояаш рост (20 – 70 см қад мекашад), пашмакдор. Баргаш дар поя пайдарҳам ҷойгир шудааст. Барги бехи пояаш паррадор ё яклухт, думчадароз; …

Муфассал »