Хабарҳои охирин

АНДАРОБ

andarob

АНДАРОБ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳили рости д. Панҷ, 63 км дуртар аз маркази ноҳия, дар шафати роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2300 м. Тобистон чашма зери оби дарё мемонад. Дебиташ – 0,2 л/сон., ҳарор. обаш +13,5 – +14,20С. Дар таркиби оби …

Муфассал »

АНДИГОН

andigon

АНДИГОН, чашмаи минералӣ дар 3,5 км ҷан. шарқии ш. Ваҳдат. Оби минералии гидрогенсулфиди навъи Сочи – Митсеста. Аз пармачоҳ (чуқ. 1800 м) ба миқдори 4 л/сон. ҷорист. Ҳарор. обаш дар сарчашма 540С; минералнокиаш 29 г/л; таркибаш хлориди натрию калсий дорад; обаш андаке радиоактивист. Ҳамчун оби шифобахш истифода мебаранд.

Муфассал »

АНДРОГЕН

androgen

АНДРОГЕН, гормони ҷинсии мардҳо, ки дар нутфадон ҳосил мешавад; А. хосияти тестостеронро дорост. А.-ро дар шакли кристаллӣ аз нутфадони буққа, нарён, харгӯш, инчунин одам ба даст овардаанд. Он дар ғадуди болои гурда низ ҳосил мешавад. А. ба инкишофи аломатҳои ҷинсии дуюмини мардҳо таъсири интихобӣ мерасонад (мас., ба овоз, устухонбандӣ, мушакҳо, …

Муфассал »

АНДРОЛОГИЯ

andrologiia

АНДРОЛОГИЯ (аз andros – мард ва …логия), як соҳаи илми тиб, ки фаъоияти ҷинсии мардҳоро аз нигоҳи физиологӣ ва маризӣ меомӯзад. Бино ба муқаррароти Созмони байналмилалии тандурустӣ вазифаи А. таҳқиқи солимии насловарии мардҳо маҳсуб мешавад. А. дар чор самт инкишоф меёбад: якум – омӯзиши ноҷуриҳои ҷинсӣ, ки ба бемориҳои узвҳои …

Муфассал »

АНДРОСТЕРОМА

androsteroma

АНДРОСТЕРОМА, навъе аз омосҳо. А.-ҳо нисбатан кам дучор омада, асосан хоси занҳо (асосан то 35-сола) мебошанд. Дар мавриди А. миқдори гормони ҷинсии мардона – андроген меафзояд. Дар натиҷа дар занҳо қабати равғани зери пӯст кам, мушакҳо калон, овоз дағал ва паст мешавад; дар бадан, дасту пой ва чеҳра мӯйҳои сершумор …

Муфассал »