Хабарҳои охирин

АНГИОСАРКОМА

angiosarkoma

АНГИОСАРКОМА (Angiosarcoma), омоси рагҳо. Табиати саратонӣ дошта, кам ба мушоҳида мерасад. Тақр. 60%-и беморӣ пӯст ва бофтаҳои нарм, тақр. 40%-и он ҷигар, устухонҳо, сипурз ва ғадуди ширро фаро мегирад. Ҳама навъи А.-ҳо аз ҳуҷайраҳои эндотелий ба вуҷуд меоянд. А., одатан, дар сар, гардан, қисми мӯйдори сар, баъзан дар ҷоғи боло …

Муфассал »

АНГИОСПАЗМ

angiospazm

АНГИОСПАЗМ (аз ангио… ва спазм), ихтилоҷи артерияҳои майда, ки дар натиҷа гардиши хун дар узву бофтаҳо суст мешавад. А. ҳангоми бемориҳои фишорбаландӣ, шақиқа, стенокардия ва ғ. падид меояд. Сабаби А. метавонад сактаи майна, сактаи дил ва диг. бемориҳо бошанд. Дар натиҷаи А. девораи рагҳо дучори тағйирот мегардад (атеросклероз).

Муфассал »

АНГИОСТОМИЯ

angiostomiya

АНГИОСТОМИЯ (аз ангио ва … стомия), вазостомия, яке аз усулҳои ҷарроҳӣ. А.-ро олимон Фелкер ва Белфилд бо мақсади муолиҷаи илтиҳоби манидон пешниҳод кардаанд. Ҷарроҳӣ зери беҳиссозии ҷузъӣ (мавзеӣ) гузаронида мешавад. Бурриши ҷойи амалиёт калон нест (4 – 5 см).

Муфассал »

АНГИШТИ ФАЪОЛ

angishti_faol

АНГИШТИ ФАЪОЛ (Carbo acitivatus), ангишти ҷозиб, ангишти ба таври махсус коркарда, ки қобилияти пайваст кардани газ, заҳр ва диг. моддаҳои фаъолро дорад. А. ф.-ро, ки мансуби ангишти сунъист, аз ангишти табиӣ ё ангишти чӯб бо роҳи нест кардани моддаҳои зифтӣ ҳосил мекунанд. Хосияти адсорбсиявии А. ф. хеле баланд аст. А. …

Муфассал »

АНГУДОН

angudon

АНГУДОН [(Ferula foetida (≈ F. assa-foetlida)], анҷудон, анғӯза, гандабӯ, каврак, гиёҳест худрӯи бадбӯй (махсусан беху мевааш). Бехаш турбмонанд, ғафс. Пояаи рост (то 120 см қад мекашад), ғафс (қутраш 5 – 8 см) ва камшох дорад. Баргаш нарм (рӯяш бепашмак, пушташ серпашмак), зуд пажмурда мешавад; барги бехи пояаш нисбат ба баргҳои …

Муфассал »