Хабарҳои охирин

АНҶИБАРАК

anchibarak

АНҶИБАРАК (Polugonum nitans), гиёҳест бисёрсолаи худрӯй. Аз 25 то 95 см қад мекашад. Пояаш рост, баргаш дарозрӯя ё нештаршакл. Гулаш гулобии сафедтоб, хӯшагулаш байзашакл. Мевааш чормағзаки сеқирра, суфта, ҷилодор, дорчинӣ ё бӯри дорчинӣ. Июн – сент. гул карда тухм мебандад. А. дар алафзор, арчазор, тӯсзор, марғзорҳо мерӯяд. Дар қ-кӯҳҳои Туркистон, …

Муфассал »

АНҶИР

fig

АНҶИР (Ficus carica), т и н, бутта ё дарахтест хурд. А.-и худрӯй то 4 – 5 м қад мекашад. Танааш сершох, баргаш калони чокдор, мевааш мурӯдшакл ё кулчамонанди зард, сабз, бунафш ва бӯр. А.-и худрӯй дар кӯҳистони Ҳисор, Дарвозу Қаротегин ва диг. мавзеъҳо дучор меояд. А.-ро дар Тоҷикистон аз замонҳои …

Муфассал »

АОРТА

aorty

АОРТА (Aorta), шоҳраг, абҳар, раги шараёнӣ, ки аз меъдачаи чапи дил ибтидо мегирад. А. аз қисми болорав, камонак ва қисми поёнрав иборат аст. Қисми поёнрав то назди диафрагма А.-и сина ном дорад. Қисми аз диафрагма поёни онро А.-и шикам меноманд. Он дар савияи мӯҳраи IV миён ба шараён (артерия)-ҳои тиҳигоҳии …

Муфассал »

АОРТИТ

aortit-sifiliticheskij-simptomy

АОРТИТ, илтиҳоби девораи аорта. А. шадид, зершадид ва музмин мешавад. А.-и шадид дар мавриди бемориҳои шадиди сироятӣ ё ягон осеб инкишоф меёбад. А.-и музмин дар заминаи А.-и шадид, бемориҳои сироятии музмин, хусусан, сифилис, тарбод сар мезанад. А. бештар оризаи сифилис аст. Ҳангоми А. асосан аортаи болорав осеб меёбад. Дар натиҷа …

Муфассал »

АПАТИЯ

appatiya

АПАТИЯ (аз юн. apatheia – бетаваҷҷӯҳӣ), бетафовутӣ, бетарафӣ нисбат ба атрофиён. Ҳолати маризиест, ки дар мавриди он шахс нисбат ба ҳама гуна амалиёту воқеаҳо бетафовут ва беэътино мешавад (фалаҷи эҳсосот). Бисёр вақт А. бо амбулия (зафъи умумии фаъолияти рӯҳӣ) ҷӯр мегардад. Чунин беморон камҳаракат, камгап, беташаббус ва берағбат мебошанд. Алоими …

Муфассал »