Хабарҳои охирин

АЛМАГЕЛ

almagel

АЛМАГЕЛ, як навъ доруи омехта. Аз гидроксиди алюминий ва гидроксиди магний иборат аст. Пардаи луобии меъдаро аз таъсири кислотаи хлорид муҳофизат мекунад. А. таъсири бедардгардонӣ низ дошта маҳсули турши меъдаро нест, зардачӯш ва дардро ҳангоми решмараз, метеоризм (дамиши шикам), ихтилоли функсияи рӯдаҳо кам месозад. А. қабати муҳофизиро ба вучуд оварда, …

Муфассал »

АЛ-МИА ФЙ-С-СИНОАТИ-Т-ТИБ- БИЯ

asar

«АЛ-МИА ФЙ-С-СИНОАТИ-Т-ТИБ- БИЯ» («Сад китоб дар баёни пешаи пизишкӣ»), асари Абӯсаҳли Масеҳӣ дар боби тиб. Аз таълифоти бузургу умдаи муаллиф буда, аз сад китоб иборат аст. Китоби аввали он дар баёни мадхал ва умури муқаддимавии тиб будааст. Муаллифи «Ко- милу-с-синоат» дар робита ба ин асар дар таълифи худ ёдовар шуда …

Муфассал »

АЛОНИЮН

alanin

АЛОНИЮН (лот. Inula helenium), алайун, сабадсарак, гиёҳест бисёрсола. Пояаш рости пашмакдор, 60 – 250 см қад мекашад. Барги бехи пояаш калони паршакл (дарозиаш то 50 см, бараш 15 – 25 см), думчадароз, баргҳои мобайнӣ байзашакли нӯгтез, баргҳои болоӣ нештаршакл. Гулаш зарди забончашакл ва найчамонанд, донакаш майда. Моҳҳои май – июл …

Муфассал »

АЛОПЕТСИЯ

alopetciya

АЛОПЕТСИЯ (Alopecia), пурра ё қисман рехтани мӯй. А. модарзодӣ, лонавӣ, бармаҳал ва алоимӣ мешавад. А.-и модарзодӣ гоҳо бо осеби нохунҳо, дандон ва пӯст ҳамроҳ мегардад. Хеле кам дучор меояд ва бештар хусусияти оилавӣ дорад. Дар мавриди А.-и лонавӣ мӯи сар, риш, мӯйлаб, баъзан абрӯю мижгон, мӯи зери каш ҷо-ҷо (лонавӣ) …

Муфассал »

АЛФА – ТЕРАПИЯ

alpha-terapiya

АЛФА – ТЕРАПИЯ (Alpha – therapia), яке аз усулҳои муолиҷа. Дар қатори рентгенотерапия, гамма-терапия, бета-терапия, табобатҳои электронӣ, нейтронӣ, протонӣ ва ғ. яке аз роҳҳои муолиҷа тавассути афканишоти ионзо мебошад. А. асосан дар соҳаи онкология кор фармуда мешавад. Онро ҳангоми муолиҷаи баъзе бемориҳои дигар низ истифода мекунанд. Ниг. низ Шуоъшифоӣ.

Муфассал »