Главная / Илм / АНГУР

АНГУР

angurАНГУР меваест маъмул. Дар Тоҷикистон 211 навъи А. парвариш меёбад. А.-ро барои тархӯрӣ, афшурагирӣ ва мавиз хушконидан, пухтани мураббо, ширинӣ ва майкашӣ истифода мебаранд. Дар таркиби А. қанд, туршӣ, витаминҳои А, С, В, моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералии калий, калсий, магний, фосфор, оҳан, манган мавҷуд аст. Афшураи А. мубодилаи моддаҳоро дар организм беҳтар ва гемоглобини хунро зиёд карда, ба системаи асаб ва мушакҳо тақвият мебахшад. 1л афшураи А. ба организми одам аз 700 то 1000 калория гармӣ медиҳад.
Дар бораи хусусиятҳои давоии А. олимони қадим Дисқуридус (а. 1 то м.), табибони Академияи Гундишопур, Абӯалии Сино ва бисёр табибони машҳури Ҳиндустон, Миср ва Хитой маълумот додаанд. Бино ба гуфтаи Абӯалии Сино истеъмоли А.-и тару тоза дамиш меорад. А.-и чида овезонкарда хушҳазм аст ва баданро қувват мебахшад. А. ва мавизи донадор барои дарди рӯдаҳо давои хуб аст. Мавиз гурда ва масонаро нафъ мебахшад. Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ А. хунро зиёд, ҳолати узвҳои нафас ва шушро беҳтар, ҷисмро фарбеҳ мекунад.
Табибони халқӣ шираи ғӯраи А., инчунин навъҳои турши онро чун воситаи иштиҳоовар ва ҳозим ба кор мебаранд. А.-и пухта расида, бахусус ангури сиёҳ, ҳангоми камхунӣ ва чун воситаи тақвиятбахш барои беморони заифу бемадор тавсия дода мешавад.
Аз ғӯраи А. сирко тайёр мекунанд, ки давои хуби иштиҳоовар аст. Барг ва навдаҳои токро ҳангоми муолиҷаи ғалаёни хун ва диабети қанд тавсия медиҳанд. Тарзи таҳияи он: 4 чумча (40 – 50 г) барги хушки токро дар 0,5 л оби ҷӯш чой карда, баъд дар оташи паст 10 – 15 дақиқа меҷӯшонанд. Сипас онро полида, рӯзе 3 – 4 маротиба пеш аз хӯрок 0,5 истакон менӯшанд.
Дар тибби муосир А. барои муолиҷаи касалиҳои сил, иллати дил, ҷигар, меъда, шуш, асаб ва ғ. истифода мешавад. Илми тиб муқаррар кардааст, ки ҳар кас бояд рӯзе 300 – 500 г А. истеъмол намояд. Шарбати А. хунро тоза мекунад, мубодилаи моддаҳоро вусъат мебахшад, тарашшӯҳи шираи меъдаро меафзояд. А. ҳангоми муолиҷаи рахит, бавосир, назлаи меъда ва рӯда, исҳоли кӯҳна ва омоси ҷигар низ муфид аст.
Истеъмоли А.-и ширин барои одамони гирифтори касалии қанд, исҳоли хунини шадид, фишори хун ҷоиз нест. Истеъмоли А. бо шир, бодиринг, харбуза, оби маъданӣ, моҳӣ боиси ихтилоли кори меъда мешавад. Ниг. низ Ампелотерапия, Ангурғӯра, Ток.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …