Главная / Илм / АНГУШТЗАНӣ

АНГУШТЗАНӣ

ck_AuT_AmoxicilinАНГУШТЗАНӣ (Perkussio), перкуссия, яке аз усулҳои муоинаи узвҳои дарун. А.-ро дар тиб аз авв. а. 19 истифода мебаранд. Ҳангоми ба сатҳи бадан ангушт задан, дар узвҳои зери он ҳаракатҳои лаппишнок ба вуҷуд меоянд, ки садо ва давомоти муайян доранд. Мас., шуш, ки ковок ва пурҳавост, садои возеҳу рӯшан мебарорад; ҷигар ва мушакҳо, ки узвҳои пурраанд, овози паст медиҳанд. А. ду хел мешавад: топографӣ (мавқеи узвро муайян мекунад) ва муқоисавӣ (тағйироти узвро ошкор месозад). Садои кунд дар ягон қисми шуш аломати илтиҳоб ё плеврит аст; овози нақорамонанд далели бисёр ҳаво доштани бофтаҳои шуш (мас., эмфиземаи шуш) ва дар шуш мавҷуд будани ҷавф (мас., киста) мебошад; садои кунди пахшхӯранда аломати дар ҷавфи шикам вуҷуд доштани моеъ (мас., обварам) аст.
Дар вақти А. бемор бояд рост истад ё дар курсӣ нишаста дастонашро рӯи зону гузорад. А.-и дил имкон медиҳад, ки мавқеъ, андоза ва конфигуратсияи он муайян карда шавад. Тағйир ёфтани мавқеи дил метавонад аз бемориҳои шуш (ателектаз, фиброз), қафаси сина (кифосколиоз) ва плевра (пневмоторакс), инчунин аз нуқси инкишофи худи дил вобаста бошад. А.-и меъда бо мақсади муқаррар кардани мавқеи он гузаронда мешавад. Мақсад аз А.-и ҷигар муайян кардани мавқеъ ва бузургии он аст (ҳудуди он метавонад ҳам ба боло ва ҳам ба поён ҷой иваз кунад). А.-ро баҳри муайян кардани андозаи пешобдон, бачадон (ҳангоми ҳомилагӣ ва фибромиома) ва дарди устухонҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Ин усули муоинаро одатан барои гурда кор намефармоянд, зеро он бо рӯда, ки ҳаво дорад, фаро гирифта шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …