Главная / Илм / АНГУРҒӯРА

АНГУРҒӯРА

angurgura-310x205АНГУРҒӯРА, самари хоми ангур, ки таъми турш дорад; ангури норасида. А. дар тибби халқӣ фаровон истифода мешавад. Бино ба ақидаи табибони мардумӣ хӯрдани А. ҷӯшиши зардаро мегардонад, балғами дар меъда пайдошударо меканад, ҷигарро қувват медиҳад, ташнагиро шикаста ба ҷисм неру мебахшад. А.-и хушкро кӯфта банданд, бӯи арақи баданро рафъ месозад, намегузорад, ки арақи нохуш аз бадан берун ояд. Хӯрдани А. ба қувваи боҳ зарар мерасонад, дар шикам бод пайдо мекунад, рӯдаҳоро ба дард меоварад. Оби А.-ро дар офтоб хушконда (усора) сипас онро истеъмол намоянд, барои дарди гулӯ, варами ҳалқ, пухтани даҳон, хуни банӣ ва қай кардан нафъ дорад. Усораи А.-ро соида чун сурма ба чашм кашанд, обравии чашмро нест мекунад, агар бо он ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро барҳам медиҳад. Оби А. ва асалро омехта (таносуби 3/1) 3 – 4 рӯз дар офтоб гузоранд, ба ҷӯш меояд. Онро полонда ба шиша мегиранд ва дар офтобрӯя мегузоранд, то бирасад. Ошомидани чунин шароб исҳолро мебандад, меъдаро қавӣ мегардонад, рутубати бачадонро хушк мекунад, ба бадҳазмӣ фоида мебахшад.
Ад.: Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …