Главная / Илм / АНГУРАК

АНГУРАК

rhamnus-catharticaАНГУРАК (Rhamnus cathartica), сиёҳбодом, олучаи хирсак, бутта ё дарахтест сершоху барг. То 8 м қад мекашад. Баргаш байзашакл ё мудаввар. Гулаш майдаи сабз, зардтоб. Мевааш сероб, курашакли сиёҳ, донакаш сиёҳтоб, байзашакл. Май – июн гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар қади сойҳо, соҳилҳои баланди дарёҳо, буттазор, туғайзор мерӯяд. Дар қ-кӯҳҳои Қурама, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 1200 – 1700 м аз с.б.) паҳн шудааст.
Дар тиб меваи А.-ро истифода мебаранд. Ҷӯшоби шохчаи он ҳангоми захми меъда, ҷӯшоби решааш барои муолиҷаи назла (катар)-и меъдаю рӯда, камии туршии меъда муфид аст. Меваи хушки онро чой карда (1 чумча дар 200 мл об) шаб чун давои исҳоловар нимистаконӣ менӯшанд. Ғайр аз ин, меваи А.-ро ҳангоми зардпарвин, нафастангӣ, обхӯра, ниқрис, бавосир ва чун воситаи қайовар низ истифода мебаранд. Нақеъи меваи он барои рафъи қабзияти музмин ва заъфи рӯда тавсия шудааст. Нақеъи А.-ро чунин тайёр мекунанд: 10 г меваи кӯфтаро дар як истакон об 8 соат нигоҳ дошта, баъд пагоҳию бегоҳӣ менӯшанд ё ба шираи он (бо ҳиссаҳои баробар) қанд ё асал омехта, пеш аз хоб 3 – 4 чумча истеъмол мекунанд. Тибби муосир ҷӯшоб, нақеъ, шарбат ва ҷавҳари обии А.-ро чун давои исҳоловар тавсия медиҳад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …