АНГУШТ, қисми интиҳои дасту пои одам ва ҳайвонот. А.-и одам бинобар рост будани қомат ва ба узви корӣ табдил ёфтани даст куллан тағйир ёфтааст. А. қисми муҳими даст буда, барои доштани чиз, иҷрои амал ва ғ. хидмат мекунад. Сарангушт вазифаи идора карданро ба ҷо меорад, А.-и саббоба (А.-и ишорат) пас аз сарангушт ҳаракат мекунад, А.-и вусто (А.-и миёна) барои бо сарангушт ва А.-и саббоба чангаквор чизеро доштан пешбинӣ шудааст. А.-и бинсир ва хинсир (А.-и ятимак) ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Ҳар як А. буғум, мушак, раги хун ва лимфа дорад. Дар пӯсти А. асабҳои бисёр мавҷуданд. Ретсепторҳои он чун аъзои ҳис хидмат мекунанд ( хусусан дар нӯги панҷа). Баъзан дар натиҷаи ихтилоли раванди инкишофи ҷанин дар батни модар адади А. каму зиёд мешавад ё кӯдак беангушт ба дунё меояд. Беангуштӣ адактилия, зиёдангуштӣ полиадактилия ва камангуштӣ олигоадактилия ном гирифтааст.
Ад.: Абдураҳмонов Ф., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995 – 1998; Наглядная анатомия (тарҷ. аз англ.), М., 2002; Анатомия человека, М., 2004.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …