БЕМОРИҲОИ ПАРАЗИТӣ (Morbi parasitaria), бемориҳои ангалӣ, бемориҳое, ки онҳоро кирмҳои паразит (гелминтҳо), соддатаринҳо (мавҷудоти якҳуҷайраи каслиовар – амёбаҳо, лейшманияҳо, лямблияҳо, токсоплазмаҳо, плазмодияҳо ва ғ.) ва бандпойҳо (ҳашарот ва канаҳо) ба вуҷуд меоранд. Б. п.-ро амрози инвазиявӣ низ меноманд (инвазия – сироят аз паразитҳои ҳайвонот). Бар хилофи Б. п. иллатҳое, ки ангезандаашон бактерияҳо, спирохетаҳо, риккетсияҳо, вирусҳо ва занбӯруғҳоянд, бемориҳои сироятӣ ном доранд.
Бемориҳоеро, ки кирмҳои паразит ба вуҷуд меоранд, гелминтозҳо меноманд. Онҳо бемориҳои аскаридоз, анкилостомидоз, гименолепидоз, трихинеллёз, трихосефалёз, энтеробиоз, эхинококкоз ва ғ.-ро дарбар мегиранд.
Дар организми одам қариб 50 намуди соддатаринҳо мавҷуданд. Бемориҳои протозоиро онҳо ба вуҷуд меоранд. Аз ин қабил бемориҳо хусусан амёбиаз, лейшманиозҳо, лямблиоз, вараҷа, токсоплазмоз ва ғ. хавфнок мебошанд.
Ҳашарот ва канаҳои паразит мутобиқан ангезандаи энтомозҳо ва акарозҳо маҳсуб мешаванд. Ба энтомозҳо миазҳо (узву бофтаи ҳайвоноту одамро иллатнок кардани кирминаи пашша), инчунин дерматозоонозҳо – бемориҳои пӯст, ки аз газидани шабуш, пашша, хомӯшак ва ғ. сар мезананд, дохил мешаванд. Хоришак як навъи акароз мебошад.
Ангезандаҳои Б. п. муваққатӣ ва доимӣ мешаванд. Ангезандаҳои муваққатӣ бевосита дар табиат ё манзили одамон зиндагӣ карда, фақат барои ғизо аз чанд сония (пашша, хомӯшак, мағилмак ва ғ.) то чанд рӯз (канаҳо) ба одамон дармеафтанд. Ангезандаҳои доимӣ бошанд, дар берун ё даруни ҷисми одам (шабуш, гелминтҳо, соддатаринҳо ) зиндагӣ мекунанд.
Ангезандаҳои Б. п. вобаста ба ҷойгирӣ дар организм эктопаразит (берунӣ) ва эндопаразит (дарунӣ) мешаванд. Эктопаразитҳо муваққатан (пашшаҳо, ғурмагас, хомӯшакҳо ва ғ.) ё доимӣ (шабуш) дар пӯст ё мӯи одам ҷой мегиранд. Эндопаразитҳо дар узву бофтаҳои гуногун, мас., шуш, ҷигар, рӯда, хун, майна, мушакҳо сокин мешаванд. Паразитҳои пӯст дар қабати пӯст (канаи хоришак, кирминаи ғурмагаси меъда – дар марҳалаи аввали инкишоф) ва паразитҳои дарунӣ дар ҷавфи бадан, мас., бинӣ, гӯш, даҳон, роҳи пешоб ва ғ. зиндагӣ мекунанд. Баъзе ангезандаҳо (мас., анкилостома) дар давраҳои гуногуни инкишоф дар организми одам ҷой иваз менамоянд. Одами бемор ё ҳайвони касал манбаи сирояти Б.п. мебошанд.
Ангезандаҳои Б. п. ба организми одам тавассути пӯст, даҳон, мақъаду маҳбал, сӯрохи пешоброҳа ва бинӣ роҳ меёбанд. Вобаста ба тарзи интиқоли ангезанда Б.п. ғизоӣ, тамосӣ, трансмиссивӣ (сироятҳои интиқолӣ) ва ғ. мешаванд. Ҳангоми Б. п.-и ғизоӣ ангезандаҳо (гелминтҳо, амёбаҳо, лямблияҳо ва ғ.) ба организм дар мавриди истеъмоли хӯроки бо паразитҳо сироятнок (мас., гӯшти бо кирминаи трихинелла ё моҳии бо кирминаи тасмакирм олуда) ё ошомидани оби ифлос дохил мегарданд. Онҳо ба организм метавонанд аз косаву табақ ва дасти ифлос низ ворид шаванд. Б. п.-и тамосӣ ба одам аз шахси бемор (ё ҳайвон), об, хок ва асбобу анҷоми рӯзгор мегузаранд (хоришак, шабушнокӣ, анкилостомидоз). Б. п.-и трансмиссивиро ҳашарот, мас., мағмилакҳо (ангезандаи лейшманиоз) ва пашшаи вараҷа паҳн мекунанд.
Интиқоли ангезандаи Б. п. ба тавассути ҳаво аз эҳтимол дур аст, вале тахмин мекунанд, ки тухми киҷҷа ва аскарида метавонад ба воситаи гарду чанг паҳн гашта, ба роҳи нафаси одам афтад.
Сирояти Б. п. вобаста ба тарзи зиндагии ангезанда дар ҳар фасли сол ё фақат дар мавсими муайян ва ҳатто дар вақти муайяни як шаборӯз (мас., баъзе пашшаҳо аз ҷинси анофелес ба одам қарибии шом ё шабона ҳамла намуда, ӯро гирифтори вараҷа мегардонанд) ба амал меояд.
Ангезандаи Б. п. бофтаю узвҳоро иллатӣ месозад; маҳсули мубодилаи моддаҳои он организмро заҳролуд карда, боиси авҷ гирифтани ҳассосии аллергӣ ва вазнин гузаштани бемориҳои диг. мегардад.
Б. п.-ро духтур табобат мекунад. Барои муолиҷа доруҳои зидди бактерия, инчунин гемотерапия, витаминҳо ва ғ.-ро истифода мебаранд.
Барои пешгирии Б. п. иҷрои чунин тадбирҳо ногузир аст: ошкор ва муолиҷа кардани беморон ва ҳомилони паразитҳо; бо роҳи дезинфексия ва дизенсексия нобуд кардани паразитҳо; ҳифзи муҳит аз пасафканди одам ва ҷонварон, ки ангезандаи Б. п. доранд; барҳам додани имкони аз паразитҳо сироят ёфтани одам; бо тавсияи духтур истифода бурдани усулҳои профилактикаи химиявӣ дар ноҳияҳое, ки Б. п. рӯй додаанд; ҳифзи одамон аз ҳуҷуми бандпойҳои паразит (истифодаи репеллентҳо, либоси муҳофиз, пашшахона) ва ғ.
Ад.: Қамардинов Х.К., Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003; Ҳамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.
Х. Қ. Қамардинов.