Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ МОДАРЗОДӣ

БЕМОРИҲОИ МОДАРЗОДӣ

bemorihoi-modarzodiБЕМОРИҲОИ МОДАРЗОДӣ, иллату осебҳое, ки бинобар ихтилоли инкишофи организм ҳангоми дар батни модар будани тифл ба вуҷуд меоянд. Б. м. ирсӣ ва ғайриирсӣ мешаванд.
Б. м.-и ғайриирсӣ бинобар таъсири омилҳои физикӣ (афканишоти ионнок), химиявӣ ва биологӣ (бемориҳои гуногуни сироятӣ), ки дар давраи ҳамл ҷой доштанд, рух менамоянд. Таъсири ин гуна омилҳо хусусан дар давраҳои хавфноки ҳамл возеҳ ба назар мерасад, мас., дар давраи имплантатсия (рӯзҳои 7 – 12-и ҳамл), пайдоиши мабдаъи узвҳо (ҳафтаи 3 – 6-и ҳамл), ташаккули ҳамроҳак (моҳи 3-юми ҳамл). Зери таъсири омилҳои зиёновар мубодилаи моддаҳо, ки хоси ҳамон давраи хавфноки ҳомилагӣ мебошад, тағйир меёбад. Вобаста ба мӯҳлати пайдоиш гематопатия, бластопатия, эмбриопатия, фетопатияро фарқ мекунанд. Онҳо дар навзодон дар шакли нуқси инкишофи узвҳои гуногун ба мушоҳида мерасанд. Хусусан эмбриопатияе, ки вирусҳои сурхакон, табхол, гепатити В ва соддатаринҳо (токсоплазмаҳо, листерияҳо), ҳамчунин баъзе доруҳо ба вуҷуд меоранд, нисбатан вазнин ҷараён мегирад. Ба тифли батн машруботи спиртдор, никотин ва маводи мухаддир зарари калон мерасонад.
Бо мақсади пешгирии Б. м. таъсири омилҳои зиёноварро ба организми занҳои ҳомила бартараф кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …