Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ КӯДАКОН

БЕМОРИҲОИ КӯДАКОН

bemorii-kudakБЕМОРИҲОИ КӯДАКОН (Morbi infantiles), гурӯҳи бемориҳое, ки бештар дар кӯдакон дучор меоянд. Ба ҳар синни кӯдак бемориҳои муайян хос мебошанд. Дар давраи навзодӣ организми тифл ба шароити нави ҳаёт мувофиқ мешавад. Дар ин давра фаъолияти узвҳои ӯ ноустувр буда, зуд халал меёбад. Бинобар ин дар организми кӯдак тағйироте ба амал меоянд, ки сабаби онҳо ноҷуриҳои инкишофи ҷанин дар батн (бемориҳои модар, амрози ирсӣ ва ғ.) мебошанд. Ба сирояти микробҳо ҳассос будани кӯдакони навзод боиси тез-тез ба бемориҳои римнок, уфунии пӯст ва ноф, амрози шадиди вирусӣ ва бактериявии роҳи нафас гирифтор шудани онҳо мегардад. Дар давраи ширхорагӣ аз сабаби зиёд шудани талаботи кӯдак ба ғизо фаъолияти узвҳои ҳозима, ки ҳанӯз пурра такмил наёфтаанд, якбора меафзояд. Аз ин рӯ, кӯдаки ин синну сол тез-тез ба бемориҳои аъзои ҳозима (диспепсия, исҳоли хунин, дистрофия ва ғ.) гирифтор мешавад. Дар ҳамин синну сол бемориҳои илтиҳобии шуш (вирусӣ ва бактериявӣ) ва рахит (дар натиҷаи тағзияи номураттаб ва нарасидани ҳавои тозаю нури офтоб) низ авҷ мегиранд. Дар давраи аз 1 то 3-солагӣ ва аз 3 то 7-солагӣ бинобар паст шудани титри подтанҳо (ниг. Иммунитет), ки кӯдак аз модар гирифтааст, инчунин бо зиёд гаштани тамоси кӯдак бо ҳамсолон ва калонсолон бемориҳои сироятии шадид (сурхча, сурфакабудак, махмалак ва тарбод) зиёд мешаванд, бемориҳои марбут ба аллергия тез-тез сар зада меистанд. Дар кӯдакони аз 7 то 12-сола, ғайр аз бемориҳои шадиди сироятӣ, ихтилоли фаъолияти усораи дарунӣ, бемориҳои дил, системаи асаб ва ғ. рух менамоянд. Дар бачагони 12 – 17-сола ва 15 – 17-сола дар давраи ба балоғат расидани онҳо имкон дорад аномалияи узвҳои ҷинсӣ ба вуҷуд ояд; дар ин синну сол тарбод, асабоният, бемориҳои дилу раг бештар вомехӯранд.
Муҳофизати ҷанин ҳангоми ҳомилагӣ, ваксинатсия бар зидди бемориҳои сироятӣ (сил, гулӯзиндонак, нағзак, сурхча ва ғ.), машғулиятҳои ҷисмонӣ, обутоби организми кӯдак ва ғ. барои пешгирии Б. к. аҳамияти калон доранд.
Ниг. низ Бемориҳои сироятии кӯдакон.

К.И. Исмоилов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …