Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ КАСБӣ

БЕМОРИҲОИ КАСБӣ

professionalnye-bolezniБЕМОРИҲОИ КАСБӣ (Morbi professionales), иллатҳоеро гӯянд, ки сирфан ё асосан дар натиҷаи ба организм таъсир расондани шароити номувофиқи кор ва зиёни касбӣ пайдо мешаванд. Б. к. ба шароити иҷтимоию иқтисодии меҳнат, ҷараёни технологӣ ва вазъи техникии истеҳсолот вобаста аст.
Б. к. дар натиҷаи таъсири омилҳои физикӣ, химиявӣ ва биологӣ инкишоф меёбанд. Мас., ҳангоми кор дар шароити фишори баланди атмосферӣ ва риоя накардани қоидаҳои гузариш аз муҳити фишори баланд ба мӯътадил бемории пастфишорӣ рух менамояд. Шавқун ва вибратсияи доимӣ дар истеҳсолот аксар вақт боиси вазнинии гӯш ва бемории навасонӣ мегардад. Дар аснои муддати дароз фурӯ бурдани гарду чанг пневмокониоз ё диг. бемориҳои шуш ба вуҷуд меоянд. Дар тамос будан бо моддаҳои радиоактив ва зери таъсири радиатсияи ионзо бемории шуоъӣ пайдо мешавад. Дар натиҷаи таъсири моддаҳои химиявӣ, мас., заҳрҳои саноатӣ (сурб, симоб, арсен, анилин ва ҳосилаҳои он, пайвастҳои фосфор, бензин, бензол ва ғ.) организм заҳролуд шуда, Б. к. ва баъзе амрози пӯст сар мезананд. Моддаҳои ангезишовар (равғанҳои минералӣ, қатрони ангиштсанг ва ғ.) боиси баъзе бемориҳои пӯст (қубо, дерматитҳо) хоҳанд шуд. Шахсоне, ки бо беморон ё ашёи сироятёфта, инчунин бо ҳайвони касал сарукор доранд, ба бемориҳои сироятӣ (брутселлёз, сӯхтанӣ) гирифтор мешаванд.
Такмили технология, автоматонии истеҳсолот, ташкили илман асосноки меҳнат ва истироҳат, муқаррар намудани рӯзи кӯтоҳи кор дар истеҳсолоти зарарнок, ғизои шифоӣ (наҳории гарм, шир ё дигар маҳсулоти ширӣ, витаминҳо), истифодаи асбобҳои ҳавотозакунӣ ва ғ. боиси коҳиш ёфтани Б. к. мегарданд. Дар сурати риоя кардани тадбирҳои пешгирӣ ва техникаи бехатарии кор Б. к. рӯй намедиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …