Хабарҳои охирин

БАЧАДОН

bachadon

БАЧАДОН (Uterus, metra), заҳдон, раҳим, қисми махсуси аъзои таносул. Дар ҷавфи коси хурд, дар байни пешобдон ва рӯдаи рост ҷойгир шудааст. Вазни Б.-и занҳои назоида 49 – 59 г, занҳои серфарзанд 90 – 100 г аст. Қисми зиёди Б.-ро танаи он ташкил мекунад, ки ҷониби болоро қаър ва поёнашро гарданаи …

Муфассал »

БЕД

bed

БЕД (Salix turanica), беди туронӣ, сафедван, буттаи баланд ё дарахтест бутташакл. То 5 – 8 м қад мекашад. Пӯстлохи тана ва шохҳояш суфта, хокистарранги кушод, баргаш нештаршакл. Б. дар Помиру Олой (дар баландии 1400 – 3800 м аз с.б.) дар болооби д. Яғноб, нишебиҳои шимолии қ-кӯҳи Қаротегин, қ-кӯҳҳои Дарвоз, Пётри …

Муфассал »

БЕДАРДГАРДОНИИ ЗОДАН

bedardgardonii-zodan

БЕДАРДГАРДОНИИ ЗОДАН, маҷмӯи тадбирҳои пешгирӣ ва муолиҷавӣ, ки баҳри бартараф сохтан ё кам кардани эҳсоси дард ҳангоми таваллуд андешида мешаванд. Дар вақти зоимон нӯги бисёр асабҳои ҳассос – ретсепторҳо, ки дар бачадон (раҳим) ва бандакҳои он мавҷуданд, ангезиш меёбанд. Дар ин ҳангом ретсепторҳои бофтаҳои қаъри кос ва узвҳои таносули берунӣ …

Муфассал »

БЕДАРДГАРДОНӣ

bedardgardoni

БЕДАРДГАРДОНӣ (Analgesia, anaesthesia), аналгезия, бартараф ё пешгирӣ кардани ҳисси дардест, ки ҳангоми ҷарроҳӣ, зарбу лат, баъзе бемориҳо ва амалиёти муолиҷавию ташхисӣ пайдо мешавад. Усулҳои Б. ду гурӯҳанд: умумӣ ё наркоз ва ҷузъӣ. Кашфи Б. комёбии бузург буда, боиси пешрафти илми ҷарроҳӣ гашт. Аз давраҳои қадим табибон кӯшиш мекарданд, ки ҳангоми …

Муфассал »

БЕДГУЛ

nerium_oleander

БЕДГУЛ (Nerium oleandr), харзаҳра, буттаест ҳамешасабз ва ороишӣ. Асосан дар минтақаҳои субтропикӣ мерӯяд. То 2 – 2,5 м қад мекашад. Баргаш ғафси дарозрӯя, ба барги бед монанд буда, дар танаи навдаҳо 3 – 4-тоӣ рӯ ба рӯи якдигар ҷой гирифтааст. Гулаш сурх, гулобӣ, сафед ё зард, аз 5 гулбарг иборат …

Муфассал »