Главная / Илм / БЕДАРДГАРДОНИИ ЗОДАН

БЕДАРДГАРДОНИИ ЗОДАН

bedardgardonii-zodanБЕДАРДГАРДОНИИ ЗОДАН, маҷмӯи тадбирҳои пешгирӣ ва муолиҷавӣ, ки баҳри бартараф сохтан ё кам кардани эҳсоси дард ҳангоми таваллуд андешида мешаванд. Дар вақти зоимон нӯги бисёр асабҳои ҳассос – ретсепторҳо, ки дар бачадон (раҳим) ва бандакҳои он мавҷуданд, ангезиш меёбанд. Дар ин ҳангом ретсепторҳои бофтаҳои қаъри кос ва узвҳои таносули берунӣ низ ангехта мешаванд.
Зимни таваллуд бисёр занҳо дард мекашанд. Дараҷаи зуҳуроти дард гуногун буда, ба ҳолати системаи асабҳои марказӣ, хусусиятҳои фардии зан ва муносибати ӯ ба таваллуд вобастагӣ дорад. Дард ҳамеша аломати мувофиқи талаб ҷараён гирифтани таваллуд нест. Дар баъзе ҳолатҳо зан бо андак дарди сабук ё умуман дард накашидан низ таваллуд мекунад. Дарди сахт ва бардавом ба системаи асаб ва организми зан таъсири номатлуб мерасонад. Бисёр вақт дар натиҷаи рафъ сохтани дард зан бе душворӣ таваллуд мекунад. Бинобар ин Б. з. нафақат аз нигоҳи шафқат, балки аз лиҳози табобатӣ низ аҳамияти калон дорад.
Бо мақсади Б. з. аз усулҳои омодагии психопрофилактикӣ ва дорушифоӣ истифода мебаранд. Ғайр аз ин дар баъзе ҳолатҳо электроаналгезия ва сӯзаншифоиро низ кор мефармоянд. Моҳияти омодагии психопрофилактикӣ аз он иборат аст, ки ба зан қоидаҳои рафтор ҳангоми таваллуд, муносибат ба зоимон ҳамчун амали физиологӣ, ҳатмӣ набудани дард ва ғ. талқин карда мешаванд. Духтурони машвартгоҳи занҳо бояд аз рӯзу ҳафтаҳои аввали ҳомилагӣ эҳсоси тарсро аз дили зан дур созанд.
Тақр. 4 – 5 ҳафта қабл аз таваллуд бо занҳо машғулиятҳои махсус мегузаронанд. Дар машғулияти аввал оид ба сохти анатомии узвҳои таносули зан, тағйироте, ки бинобар ҳомилагӣ дар организм рух менамоянд, дард кашидани зан ва ғ. маълумот дода мешавад. Ҳангоми машғулияти дуюм ба зан мефаҳмонанд, ки ӯ бояд дар вақти хуруҷи дарди зодан чи гуна рафтор кунад, чи кор кунад, ки дард таскин ёбад, кадом ҳаракатҳоро иҷро намояд. Дар мавриди машғулияти сеюм ба зан тарзи чи гуна нафас гирифтан ва зӯр задан ҳангоми таваллуд омӯзонда мешавад. Дар машғулияти чорум зани ҳомиларо бо тартиби хобондан дар таваллудхона ва тариқи муоинаи ҳомилагон шинос мегардонанд. Зан бояд ҳамаи фармудаҳои духтурро дар хона такрор намояд.
Дар мавриди Б. з. тавассути доруҳо эҳсоси дард кам ё нест мешавад. Дору бояд ба организми зан ва тифл таъсири номатлуб нарасонад, ҷараёни зоданро сабук гардонад, занро беҳуш накунад. Бо мақсади Б. з. доруҳоро баъди 5 – 6 см боз шудани гарданаи бачадон истифода мебаранд. Навъи дору ва тарзи истифодаи онро духтур муайян мекунад.

М.Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …