Главная / Илм / БЕДГУЛ

БЕДГУЛ

nerium_oleanderБЕДГУЛ (Nerium oleandr), харзаҳра, буттаест ҳамешасабз ва ороишӣ. Асосан дар минтақаҳои субтропикӣ мерӯяд. То 2 – 2,5 м қад мекашад. Баргаш ғафси дарозрӯя, ба барги бед монанд буда, дар танаи навдаҳо 3 – 4-тоӣ рӯ ба рӯи якдигар ҷой гирифтааст. Гулаш сурх, гулобӣ, сафед ё зард, аз 5 гулбарг иборат мебошад. Мевааш баргмонанд, сертухм; тухмаш пӯпакдор. Танаи Б. шираи сафеди ширмонанд дорад. Дар соҳилҳои ҷан. Қрим, соҳили Баҳри Сиёҳи Кавказ, Закавказия ва ноҳияҳои ҷан. Осиёи Марказӣ парвариш мекунанд. Баъзан дар хона ҳам мепарваранд.
Ҳамаи узвҳои Б. аз сабаби гликозидҳои олеандрин, корнерин, адинерин, нериантин, нериин ва ғ. доштанашон заҳрноканд. Бо доруҳое, ки аз барги Б. мегиранд (нериолин ва корнерин), ихтилоли фаъолияти дилу рагҳоро бартараф менамоянд. Онҳоро фақат бо тавсияи духтур истифода бурдан мумкин аст.
Дар тибби халқӣ бо барги Б. варам, дарди миён, рагкашӣ, тарбод ва бо гулаш назларо табобат менамоянд; бо оби гулаш муш, мӯрча ва диг. ҳашаротро аз хона гурезондан мумкин аст. Баргу гули бо равғани зайтун ҷӯшондаи Б. шукуфа, сарсом ва хоришро нест мекунад. Ба ақидаи табибони мардумӣ агар барги Б.-ро пухта ё кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад, дарди кӯҳнаи пушт ва зонуро таскин мебахшад, ирқуннисо (радикулит), хоришак, доғҳои пӯстро дафъ мекунад. Оби баргашро бимоланд, қӯтури пӯстро шифо мебахшад, барги хушкашро кӯфта бипошанд, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад.
Б. растании заҳрнок аст. Ҳангоми заҳролуд шудан (дард кардани шикам, васеъ шудани гавҳарак, дилбеҳузурӣ, қай, тез задани дил, исҳол, галлютсинатсия) бояд бетаъхир ба духтур муроҷиат кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …