Хабарҳои охирин

БЕДГУЛ

nerium_oleander

БЕДГУЛ (Nerium oleandr), харзаҳра, буттаест ҳамешасабз ва ороишӣ. Асосан дар минтақаҳои субтропикӣ мерӯяд. То 2 – 2,5 м қад мекашад. Баргаш ғафси дарозрӯя, ба барги бед монанд буда, дар танаи навдаҳо 3 – 4-тоӣ рӯ ба рӯи якдигар ҷой гирифтааст. Гулаш сурх, гулобӣ, сафед ё зард, аз 5 гулбарг иборат …

Муфассал »

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ОБИ НӯШОКӣ

bezarargardonii-ob

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ОБИ НӯШОКӣ, тадбирҳои санитарию техникиест, ки барои нест кардани ангезандаи бемориҳои сироятии об (бештар оби нӯшокӣ) пешбинӣ шудаанд. Оби нӯшокиро бо моддаҳои химиявӣ (мас., хлор, озон, йод, ионҳои нуқра) ё усулҳои физикӣ (ҷӯшонидан, тавассути афканишоти ултрабунафш, ултрасадо, гамма-афканишот) безарар мегардонанд. Ҳоло усули хлорнок кардани об тавассути пайвастҳое, ки хлори …

Муфассал »

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ПАРТОВҲО

meditcinskie-othody-utilizatciia

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ПАРТОВҲО, тадбирест, ки барои аз олудагӣ пешгирӣ кардани замин ва обу ҳаво меандешанд. Дар рафти Б. п. микроорганизмҳои бемориовар ва тухми кирмҳо нобуд шуда, моддаҳои органикии беаҳамият ба пайвастҳои устувор (мас., порухок, ки нурии пурқимат аст) табдил меёбанд. Б. п.-ро бо усулҳои гуногун мегузаронанд. Партовҳои сахт бештар бо роҳи …

Муфассал »

БЕЗАРАРГАРДОНИИ САНИТАРӣ

sanitariya

БЕЗАРАРГАРДОНИИ САНИТАРӣ, маҷмӯи тадбирҳоест, ки барои аз бадани одамон, сарулибос ва ашёи шахсии онҳо нест кардани ангезандаи бемориҳои сироятӣ ва маводи ба саломатӣ зарарнок равона шудаанд. Тадбирҳои мазкур шустушӯи одамон, маҳви ҳашарот (шабушк), дезинфексияи либос ва ҷиҳози шахсиро дарбар мегиранд. Агар Б. с. бо мақсади барҳам додани манбаи бемориҳои сироятӣ …

Муфассал »

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ҲАВО

ventilyatsia

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ҲАВО, нест кардани микроорганизмҳо ва вирусҳои ҳавои бино. Б. ҳ. дар корхонаҳои саноатӣ, мас., саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва микробиологӣ фаровон истифода мешавад. Б. ҳ. дар беморхонаҳо – палатаи ҷарроҳӣ, палатаи таввалуд, хонаҳои тифлони навзод, шӯъбаҳои реаниматсия ва сӯхтагон, палатаю боксҳо барои беморони сироятӣ, ки ангезаи онҳо имкон дорад тавассути …

Муфассал »