Главная / Илм / БЕДАРДГАРДОНӣ

БЕДАРДГАРДОНӣ

bedardgardoniБЕДАРДГАРДОНӣ (Analgesia, anaesthesia), аналгезия, бартараф ё пешгирӣ кардани ҳисси дардест, ки ҳангоми ҷарроҳӣ, зарбу лат, баъзе бемориҳо ва амалиёти муолиҷавию ташхисӣ пайдо мешавад. Усулҳои Б. ду гурӯҳанд: умумӣ ё наркоз ва ҷузъӣ.
Кашфи Б. комёбии бузург буда, боиси пешрафти илми ҷарроҳӣ гашт. Аз давраҳои қадим табибон кӯшиш мекарданд, ки ҳангоми иллат ёфтан ва ҷарроҳӣ аз Б. истифода баранд. Барои ин ба ҷое, ки бояд ҷарроҳӣ мешуд, ях мемонданд ё майро истифода мебурданд. Фақат баъд аз кашфи наркоз (с. 1846) имконияти Б.-и мукаммал пайдо шуд. Вале наркози пештара ҷиҳатҳои манфӣ ҳам дошт, яъне он як андоза хавфнок ҳам буд. Маҳз барои ҳамин роҳҳои гуногуни Б.-и ҷузъиро ба кор мебурданд. Дар инкишофи Б. олими намоёни рус А.В. Вишневский, ки усулҳои оддии Б.-и ҷузъӣ (анестезияи ҷузъӣ)-ро пешниҳод кардааст, саҳми калон дорад. Вобаста ба хусусияти ҷарроҳӣ Б.-ро бо тарзи гуногун мегузаронанд. Мас., ҳангоми ҷарроҳӣ дар ғӯзаи чашм бо мақсади Б. ба чашм маҳлули кокаин ё дикаин мечаконанд; барои ҷарроҳии сабуктар, мас., дар ҷавфи бинӣ ё ҳалқу димоғ пешакӣ ба пардаҳои луобии он ҷо ҳамин маҳлулҳоро мемоланд. Баъзан барои Б.-и қисми муайяни бадан маводи рафъи дард (бештар новокаин)-ро бевосита ба ҳамон ҷое, ки асаб мегузарад, тазриқ мекунанд. Чунин усули Б.-ро бештар дар стоматология (мас., дандонканӣ), ҷарроҳии ангушт ва ғ. истифода мебаранд. Бештар карахтсозии ҷузъии инфилтративӣ (иртишоҳӣ) маъмул аст. Барои ин маҳлули новокаинро бо сӯзан фиристода, бофтаҳоро беҳис месозанд. Ин усули Б. ҳатто барои гузарондани ҷарроҳии вазнин ҳам имкон медиҳад. Дар вақти ба найчаи ҳароммағз тарзиқ намудани доруи рафъи дард, вай ба асабҳои ҳароммағз таъсир мерасонад. Чунин усули Б. анестезияи ҳароммағз ном дорад. Дарёфти усулҳои наву бехатари наркоз имкон медиҳад, ки Б.-и ҷузъӣ кам истифода шавад. Вале бо вуҷуди ин ҳангоми амалиёти ҷарроҳии хурд ва кӯтоҳмуддат, ҳамчунин дар аснои ба бемор зиён доштани наркоз, Б.-и ҷузъиро фаровон кор мефармоянд. Ба такмили минбаъдаи усулҳои Б. анестезиология машғул аст.

М.Қ. Гулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …