Хабарҳои охирин

ГИГРОМА

gigroma

ГИГРОМА (Hygroma; аз юн. hygros – моеъ ва …ома), дар ҷавфи халтаи зулолӣ ё маҳбали пай ҷамъ шудани зардобу луоб ё зардобу моеъи фибринозӣ. Г. бисёр вақт чун падидаи тендовагинит рух менамояд. Ба пайдоиши Г. осеби музмини бофтаҳо, ки одатан ба касбу кори одам вобаста аст, мусоидат менамояд. Г. омоси …

Муфассал »

ГИДРАДЕНИТ

gidradenit

ГИДРАДЕНИТ (Hydr(o)adenitis; аз юн. hidros – арақ ва aden – ғадуд), илтиҳоби римноки ғадудҳои арақ. Одатан, дар зери бағал, баъзан дар чатан ва назди ноф ба вуҷуд меояд. Аксар вақт ба Г. одамони серарақ гирифтор мешаванд. Ба пайдоиши беморӣ заиф гардидани организм, пухтану осеби пӯст (мас., ҳангоми чидани мӯи зери …

Муфассал »

ГИДРАРТРОЗ

gidrartroz

ГИДРАРТРОЗ (Hydrarthrosis; аз юн. hydor – об ва arthron – банд, буғум), обварами банд, дар бандҳои калон ғун шудани об. Г. дар аснои бемориҳои гуногун (осеби моҳаки банди зону, полисерозит, бемории сил ва ғ.) ба мушоҳида мерасад; он ҳамчун бемории мустақил низ ба вуҷуд меояд, ки сабабаш маълум нест. Ҳангоми …

Муфассал »

ГИДРЕМИЯ

gidremiya

ГИДРЕМИЯ (Hydraemia; аз юн. hydor – об ва гема…), дар таркиби хун зиёд шудани об. Г. метавонад физиологӣ бошад; дар мавриди якбора ошомидани нӯшокии бисёр ба вуқӯъ мепайвандад. Баъди бисёр талаф додани хун Г.-и ҷубронӣ ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷаи он ҳаҷми хуни рагҳо барқарор мешавад. Сабаби Г.-и патологӣ …

Муфассал »

ГИДРОКОРТИЗОН

gidrokortizon

ГИДРОКОРТИЗОН, гормони қишри ғадуди болои гурда; доруи глюкокортикоидӣ, ки таъсири возеҳи зидди аллергия, зидди илтиҳоб, зидди хориш дорад. Г. шабеҳи кортизон, вале нисбати он фаъолтар аст. Г.-ро барои муолиҷаи бемориҳои аллергӣ ва илтиҳобии пӯст, конъюнктивит, блефарит, придосиклит, кератит ва дерматити пилки чашм кор мефармоянд. Онро ҳангоми артритҳо, аз ҷумла артрити …

Муфассал »